Нигина ва Мирмалик - страница 11



Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,

Ба чеҳра ба сони бути озарӣ!

– Ин хел нагӯ, шоир! – ҳадаҳа эрод гирифт Зарифи мударрис. –Бути зебое, ки падари Иброҳими пайғамбар Озар тарошидааст дар Ворух ҷой намегирад!

– Ин хел бошад, паричеҳраи нав бути Ворух аст!

– Дар хонаи Муяссари ҷоду як бути безеб ҳаст, ҳамон кофист!

– Он гаҷпора асту ин гулбадан! – паст наомад шоир. – Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Яғмо раънотар, аз бути Чигил барнотар хоҳад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина ошиқи шайдо хоҳад шудан!!

Аз ин каломи хуб хушҳолӣ дучанд гардид ва аксарият «Рост мегӯяд шоир, Нигина бадри Ворух, моҳи тобони Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар осмони Ворух мешавад» гӯён дасти ҳиммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.

Абдулмаҷид шод гашту нидо дардод:

– Шоҳи олам бандаи бути Ворух мешавад!

Чанд марди сармаст гапи шоирро лоғ пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.

Онҳо аз бехабарӣ чунин гуфтанд. Азеро ҳарфу ҳиҷои ин марди оташсухан ҳазён набуд. Вай мисли дигар шоирон шӯху далеру нотарс ва шартакигӯ буд, аммо ҳарзагӯ не: насибае аз ғайб дошту ҳини мавлудаш дар машриқи осмон бурҷи Савр ҷойгузин ва бинобар ин ҳар чӣ пешгӯӣ мекард – хоҳ ба ҳазлу шӯхӣ ва хоҳ ба оҳанги ҷиддӣ – рост мебаромад ё ба ҳақиқат наздик меомад.

Ин карат ҳам фоли шоир мутлақо дуруст баромад: дар шаҳри Гурганҷ намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшоҳиёни кабир Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ маҳз дар рӯзи мавлуди Нигина-явми чаҳоршанбеи бистуми моҳи шаввол, соли 596 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба сеюми августи соли 1200 мелодӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст…

Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз

Аз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.

Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд – занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд – ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.

Садри ин маҳфил амлокдори бозори Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб дулунҷа гӯшт мехойид ва аз шарики тиҷоратӣ буданаш бо соҳибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Иброҳимхоҷа, ки ғайриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ӯҳда дошт, ҳар гапи вайро тамаллуқкорона тасдиқ карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, марҳамат кунед!» гӯён, гӯштпораҳои равғанин ва меваҷоти беҳтарин наздаш мегузошту гоҳ-гоҳе бо чашми илтифот ба ду меҳмони рӯ ба рӯ низ менигарист, ки аз ҷониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол муқаддам як гурӯҳ устоҳои ворухӣ дар сохтмони масҷиди ҷомеи Исфара чил рӯз тариқи ҳашар кор карданду тибқи тақсимот Абдулсайид шабҳо дар манзили Насриддини усто мехобид, ки қории мураттаби «Қуръон» буду ҳама бо эҳтиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ҳар ду ба ҳам рост омаду дӯстони ҷонӣ шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба роҳ монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хушҳолӣ пазируфта, додарзодааш Аҳмадро ҳамроҳ оварда буд, ки кайҳо боз тамошои манзараҳои афсонавии ин деҳаи биҳиштиро орзу мекард.