Нигина ва Мирмалик - страница 2



– Чӣ хел писархонд? – бо ҳайрат нидо баровард Бимастура. – Оъ… Пайғамбари гиромӣ ким-кайҳо, чандсад сол пеш аз дунё гузаштагӣ…

– Шак набиёр, ҷони амак. Беҳтараш, ривояти таърихиро шунав, ки аз китобҳо хондаву аз одамони мӯътабар шунидаам, – Аҳмадсайид сари ҷиянашро сила карда, бо забони содаю фаҳмо нақлашро давом дод. – Ҳамаи мо медонем, ки дар шаби меъроҷ Пайғамбари гиромии мо савори аспи Буроқ ҳафт қабати осмонро гузашта, боло баромада, ба дидор ва сӯҳбати Парвардгори олам мушарраф шудагӣ. Пас аз гуфтушунуфт дар ҷаннат рӯҳи зебоеро дидагӣ, ки байни кунгураҳои арш ва гулзори боғистони ҷаннат аз шох ба шохе мепарид.

Пайғамбари гиромӣ пурсид: «Ин рӯҳи кист? Мард аст ё зан?» Ҷавоб омад, ки рӯҳи мард аст. Пайғамбари гиромӣ андешаманд шуд ва гуфт: «Дар ин дунё фарзанди писар надорам. Иҷозат ҳаст, агар ӯро писар хонам? Парвардгори олам розӣ шуд ва гуфт: «Вай пас аз панҷсад соли реҳлати ту ба дунё падид меояд дар шаҳри Хуҷанд, ки Тироз-ул-оламин аст. Падар ӯро Шамсуддин меномаду чун армуғонат ба вай расад, Бадеъуддини Нурӣ шавад ва аламбардори дини мубини ислом гардад».

– Армуғонаш чӣ?

– Саросема нашав, ҷони амак. Ҳама рӯйдодро ботартиб мегӯям, ту бодиққат шунав. Хуш ки бошад, баъди фуруд омадан аз осмон Ҳазрати олимақом ба саҳобаҳо чизҳои дар меъроҷ дидаю шунидаашро нақл карду он рӯҳи дилписандро ёдовар шуда, афсӯс хӯрд, ки писархондашро дида наметавонад. Товуси Ҳарамайн ном саҳобаи ҷавон, ки хидматгузори ду масҷиди бузурги Маккаю Мадина буд, дарҳол аз ҷой хест ва бо сидқу тавозӯъ гуфт:

– Агар иҷозат шавад, ман тайёрам, ки сабр пеша гирам, то рӯйи мубораки писархонди азиз бубинам ва пайку паёми Шумо ба вай расонам.

Азми ҷазми ёри вафодор Ҳазрати олимақомро хушнуд гардонд ва даст ба дуо бардошта, аз Парвардгори олам барои Товуси Ҳарамайн умри пурбаракат талабид. Дуо мустаҷоб гашт ва саҳобаи гиромӣ мисли Хоҷаи Хизр умри дароз дида, пайку армуғони Пайғамбари оламро ба дасти писархондаш дар синни ҳафтсолагии ӯ супорид.

– Вай чиҳо супорид?

– Ҳар кас ҳар чӣ мегӯяд, ҷони амак. Аз хурмо сар карда, то тиру камону китобу тасбеҳ чизҳои бисёреро ном мебаранд. Лекин шахсиятҳои ҳолдон ин рӯйдоди раббониро як гуна тафсир додаанду агар мароқ дошта бошӣ, ихтисоран нақл мекунам.

– Муфассал гӯед, амак, қиссаи дароз роҳи дарозро кӯтоҳ мекунад.

Аз тасвири муфассали амак Бимастура баръало дид, ки Шамсиддини ҳафтсола ҳамроҳи падараш дар суфакати таги боғи ангур нишаста, сабақ меомӯхтанд. Ғафлатан тири камоне фуруд омада, бар замин парчам шуд. Падар безобита гашта, бо овози ларзон гуфт:

– Ё наузанбиллоҳ! Боварам намеояд, ки нохалафе сӯйи мо тир кушода бошад. Шояд тири марди шикорӣ хато хӯрдааст?

Писари ҳафтсола ором нишаста, бо табассуми беғаш ба рӯйи падар нигарист ва бо лафзи кӯдакона хитоб кард:

– На ину на он, дадо! Касе, ки тир паррондааст, маҳбуби Худо ва дӯсти беҳтарини мост!

– Чиҳо мегӯйӣ, ҷони дадо: дӯст ба сӯйи дӯст ҳаргиз тир накушояд! – шайх Нуриддин саволомез, ҳатто бо андак изтиробу тавалло ба чашмони шӯълапоши фарзанд нигарист. – Ё… ин кори ягон ҷӯраи камонбози туст?!

– Неъ. Чунин гуфтан нашояд, падари гиромӣ.

– Пас, чӣ бояд гуфтан, писарам?

– Касе, ки тир паррондааст, ба суроғи ман омадааст. Моро пеши худ мехонад… Гӯш кунед, дадоҷон, андар дили шаб Пири шукӯҳманде ба хоб дидам, ки бо тавозӯъ пеш омаду аввал дасти сила бар сарам ниҳод ва сипас хурмои тиллоранге ба кафам ниҳоду гуфт: «Ассалому алайкум, эй писархонди Пайғамбари Худо! Ин меваи биҳиштӣ бихӯру ором бихоб ва рӯзи дигар чун тири камон наздат афтад, зуд бархезу ҳамроҳи падар ҷониби мо биё ва дигар амонатҳои пайғамбарӣ аз мо биситон». Каломи хайрбод ба забон наоварда, нопадид гардид…