Нигина ва Мирмалик - страница 6
Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:
– Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.
Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.
Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу – малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!
Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад…
Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:
– Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.
Ором ва омода бош, Макнунаам…
Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.
Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,
Бикун тамкин, гар ором хоҳӣ.
Бимастура бори дигар одоби пойбӯсӣ ба ҷо оварда, бардам аз ҷой хесту «Раҳмати Худо ба саратон борад, Пири Бузургворам! Умри пурбаракат бинеду ҳазорсола шавед, Пирам Подшоҳмарди Валӣ!» гӯён қафонокӣ аз дар баромада, базудӣ худро ба ҳавзи мусаффо расонд.
Аввал дасту рӯй шусту ба нияти сафо шурӯъ кард обнӯширо. Чун маротибаи сеюм ба каф оби зулол бардошт, кабутари сап-сафеде аз шохи сиёҳбед ба лаби ҳавз нишаст, ки дар минқор ҳалқаи зард дошт. Ҷавонзан об дар каф лаҳзае интизор истод, то ба парандаи беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.
Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад – ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!
«Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт…
* * *
Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид: