Писари иблис Наримон. 8 - страница 9



– Лекин як гапи Луиза ғайриоддӣ буд— гуфт Самеъ —Луиза гуфт, ки ба ӯ чӣ шавад ҳам, ба Аида ҳеҷ чиз нашавад бас. Аз сарам ҳамин гапи ӯ намеравад. Ин чӣ бошад? Даме, ки Аида Луизаро ба оғӯш гирифта «Модар» гуфт, дар дарунам ким-чиҳо чаппа роста шуд. Чизеро нафаҳмидам.

– Шояд, ки инро фақат инсонҳо фаҳманд— гуфт Наримон —Шояд ин хислати танҳо инсонҳо бошад?

– Надонам— гуфт Самеъ —Гапҳою рафторҳои ғайриоддӣ. Наҳод одамон барои зинда мондани каси дигар, худро кушанд. Ин девонагӣ нест магар?

– Ин девонагӣ нест— гуфт Наримон —Ин танҳо барои инсонҳо аён аст. Ману ту ба ин чизҳо сарфаҳм намеравем. Барои он, ки мо инсон нестем!

Ногаҳон овози Авранг ба гӯш расид. Наримон ва Самеъ давида баромаданд ва манзарае, ки дар он ҷо буд, ҳар дуи онҳоро ба ҳайрат гузошт. Дар мобайн мисли минбар баландии доирашакл буд. Дар он ҷо ду стуни пайиҳам ва ба он сутунҳо ду дасти Луиза бо занҷир баста шуда буд.

– Ин тавр шуданаш мумкин не! – Наримон ба Самеъ бо овози паст гуфт.

– Ӯ рафта натавонистааст. Ӯро дастгир намудаанд.

Авранг дар назди Луиза истода, сухан мекард ва ҳама иблисҳо Луизаро тамошо мекарданду ба гапҳои Авранг бодиққат гӯш мекарданд.

Авранг гуфт:

– Иблисе, ки дар тарафи одамизот аст, ӯ ба номи иблис нолоиқ аст ва ӯ ба марг маҳкум бояд бошад. Ин Иблисе, ки шумо мебинед, аз одам фарзанд дорад. Ин зот хуни иблисҳоро ҳаром мекунад. Шумо медонед, ки ин ҳолат дар Тирагоҳ бори нахуст нест. Агар пешгирӣ нанамоем, ҳаромхунҳоро нест накунем, мо худамон зоти худро нобуд месозем. Ҳамма бубинад, ки ҳоли оне, ки ба мо хиёнат мекунад, чӣ хел аст! Сафия ӯро ор!

Сафия аз даруни иблисҳо Аидаро кашолакунон баромад. Духтарча бо ҷону ҷаҳд ба тарафи модараш рафтан мехост, аммо Сафия ӯро сар намедод. Аида «Модар» гӯён дод мезад. Луиза бо ҷидду ҷаҳд гуфт:

– Авранг ӯро сар деҳ! Ӯ ягон айб надонад. Ӯ ҳоло майда аст.

– Майда бошад, рӯзе калон мешавад ва ба мо дарди сар мешавад— гуфт Авранг —Оё медонӣ Луиза? Флунҳо гӯшти майдаҳоро дӯст медорад.

– Не, Авранг не! – дод зад Луиза —Ба ҳамон Флунҳо маро деҳ, аммо Аидаро сар деҳ!

– Ҳеҷ гоҳ— гуфт Авранг —Туро ҳам, духтари ҳаромхунатро ҳам имрӯз нест мекунем.

Авранг ба иблисҳо нигоҳ карду бо овози баланд пурсид:

– Оё ҳардуяшро мекушем?

– Мекушем, мекушем! – ҷавоби иблисҳо буд.

– Бадир— гуфт Авранг.

Бадир ду дасташро ба пеш карда ба назди Авранг омад, ки дар болои дасташ як матоъ ва дар болои он матоъ як шамшере меистод. Дар поёни дастаки он шамшер як санги сурхи доирашакл буд.

Самеъ ба Наримон нигоҳ карду гуфт:

– Ана ҳамон шамшери манҳус.

Авранг оҳиста шамшерро гирифту ба Луиза наздик шуд ва гуфт:

– Духтаратро бори охир бубин!

Луиза ба Аидае, ки гирякунон меистод, нигоҳ карду оҳиста гуфт:

– Бубахш!

Ҳамон лаҳза Авранг ба Луиза шамшерро зад. Чашмони Луиза ба Аида нигоҳкунон кушода монданду дил аз таппиш монд.

– Не! Модар! – бо овози ҳастиаш Аида дод зад.

Авранг шамшерро гирифт, ки он шамшер аз хуни Луиза сип – сиёҳ шуда буд. Танаи Луиза, ки аз ду дасташ овезон меистод, оҳиста ба дуди сиёҳ табдил ёфту ба ҳар тараф паҳн шуд. Танаи Луиза ғоиб шуд.

– Ҳама бубинад! – гуфт Авранг —Бубинед, ки аҳволи хоин чӣ тавр мешавад! Сафия, духтарро ба тӯдаи Флунҳо парто!

Ҳамон вақт Наримон ба Самеъ «Ту дар ҳамин ҷо ист!» гӯён худ ба пайроҳаи тарафи Флунҳо давида даромада рафт. Ӯ бе оташ давида мерафт, ки аз торикӣ ду қадам пешро дида намешуд. Наримон он санге, ки аз боло ба таги пояш афтида буд, гирифт ва ба боло нигоҳ кард. Ҳоло ҳам боло кафида, сангҳо ноустувор меистоданд. Ҳамон замон Аидаро теладиҳон Сафия аз ақиб меомад. Аида дар пеш буд, Сафия дар як каф оташ бо як даст Аидаро ба пеш тела дода меомад. Наримон барои намоён нашудан ба чет гузаш ва даме, ки онҳо ба таги ҳамон сангҳои кафида омаданд, Наримон айнан ҳамон ҷои кафидпро ба нишон гирифту сангро бо зарб ба боло парронд. Санг рост ба нишон расида, сангҳои боло кӯчида фаромаданд. Аида худро ба пеш ва Сафия худро ба ақиб партофтанд. Сангҳо фаромада, пайроҳаро пурра бастанд. Сафия ва Аида дар ду тараф монданд. Наримон дар тарафи Аида буд. Ӯ бо зудӣ ба назди Аида давида омаду овоз набаровардаро ишора кард. Наримон дасти Аидаро дошту онҳо ба сӯи баромадгоҳ давиданд. Наримон дар дасти дуюмаш оташро пайдо кард ва даме, ки онҳо аз Сафия дур шуданд, Наримон савол дод: