Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - страница 4



Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км>2 мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.

Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*10>9 км>3 мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км>3:

Уқёнуси ҷаҳонӣ      1 370 323

Обҳои зеризаминӣ      60 000

Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об      4 000

Пиряхҳо      24 000

Кӯлҳо      280

Намнокии хок      85

Буғи атмосферӣ      14

Обҳои дарёҳо      1,2


Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои зеризаминӣ ҳамчунин минералонида мебошад, баъзеи онҳо дар таркибашон то 200-250 г/л намакҳоро доранд.




Расми 3.1. Захираҳои умумии оби ҷаҳонӣ (

GRIDA-UNEP, 2012

)

Аксарияти ҳавзаҳои дарёҳо байнисарҳадӣ мебошанд. 148 мамлакатҳо дар ҳудуди худ як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ доранд. Дар 39 мамлакатҳо як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ зиёда аз 90%– и ҳудуди онро дар бар мегирад, ва 21 мамлакат пурра дар ҳудуди як ё якчанд ҳавзаҳо ҷойгир шудааст.



Расми 3.2. Тақсимоти глобалии (дастрас будан) об ба ҳар як сари аҳолӣ (Revenga, 2000).




Рас. 3.3. Ҳавзаҳои дарёҳои калонтарини ҷаҳон (GRIDA-UNEP, 2002).


Дар ҷаҳон 276 ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ вуҷуд дорад (64 – дар Африқо, 60 – дар Осиё, 68 дар Европа, 46 дар Америкои Шимолӣ ва 38 – дар Ҷанубӣ).

Захираи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бисёр захираҳои обҳои ширини Тоҷикистон дар пиряхҳо ва барфтўдаҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 11 ҳаз. км>2 ё 8% ҳудуди мамлакатро ташкил додаанд. Пиряхҳои масоҳаташон то 1 км>2 ~ 80 %, ва масоҳаташон зиёда аз 1 км>2 – қариб 20 % -и миқдори умумиро ташкил медиҳанд.

Захираҳои ҳозираи обҳои ошомиданӣ дар пиряхҳои кўҳӣ 845 км>3 –ро ташкил мекунад, ки дар ҳаҷм, аз ҳисоби миёнаи солонаи ҷориши умумии ҳама дарёҳои мамлакат 8 маротиба зиёд аст.

Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаҳои обии дарёҳои Сирдарё, Амударё ва Зарафшон тааллуқ доранд. Калонтарин дарёҳои байнисарҳадӣ дарёҳои Амударё, Сирдарё , Бартанг ва Зарафшон ҳисоб меёбанд.

      Ҷараёни миёнасолонаи барқароршавандаи Амударё атрофи 78,5 км>3 –ро ташкил медиҳад. Шохобаҳои калонтарини Амударё: дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии захираҳои обии ин ҳавза 82,5% аст. Дар шимолу ғарбии мамлакат шохобаи дигар, дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи он ба 5,14 км>3 рост меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон фақат 3%-и ҷараёни он истифода мешавад, ҷориши боқимонда ба ҳудуди давлати ҳамсоя ҷорӣ мешавад.




Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км>3 тағир меёбад; аз ин ҳаҷм дар ҳудуди Тоҷикистон дар беҳтарин солҳо 52-53 км>3-и он ташаккул меёбад (дар ҳавзаҳои Амударё – 50,5 км>3, Сирдарё – 0,7 км>3). Ва аз он ҳаҷми обгирӣ фақат 13 км>3 –ро ташкил медиҳад, яъне танҳо чоряки ҷараёни дарёӣ барои сарфи оби миллӣ истифода мешавад, қисми боқимондаи он ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад.


Захираҳои умумии обҳои ошомидании (минералонӣ камтар аз 1г/дм>3) зеризаминӣ зиёда аз 51,2 млн. м>3-ро дар якшабонарўз ташкил медиҳанд. Аз онҳо захираҳои истифодашаванда – 7,6 млн.м>3 дар як шабонарўз, ё 14,8% -ро ташкил медиҳад.