Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - страница 7



–таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;

–истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;

–истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;

–истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

–истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

–каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;

–мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;

Дарси амалӣ.

Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Иқдомҳои мазкур диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.

Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, сано- ат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.

Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад, дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд. Вазъи истифодабарии захираҳои об ва захираҳои замин бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Барномаи такмили хоҷагии об барои солҳои 2016-2025 ба он равона шудааст, ки гузариши тарзи таърихан ташаккулёфтаи маъмурӣ – ҳудудии захираҳои об ба идоракунии ҳавзавии дарёҳо дар Тоҷикистон таъмин гардад.

Дар шароити иқлими хушку гарм об воситаи асосии зиндагӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори замин аз ҳама захираи муҳими табиӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин сабаби буҳрони экологии баҳри Арал гаштааст. Проблемаи асосии обии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, фақат норасогии об нест, инчунин ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй набудани самаранокии обрасонӣ ва истифодабарӣ мебошад.

Резиши умумии солонаи дарёҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккулёфта 64 километри мукаабро ташкил медиҳад, резиши солонаи ҳамаи дарёҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ба 80 километри мукааб мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисфи ҳаҷми дарёҳои ҳавзаи Баҳри Арал ташаккул меёбад. Дарёҳои асосӣ Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сирдарё ба ҳисоб меравад. Захираҳои обии дарёҳо аз ҳисоби обшавии барф ва пиряхҳо ва боришот ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон шабакаи зичи дарёҳо вуҷуд дорад, ки он иборат аз 947 дарёҳо бо дарозии зиёда аз аз 10 километр ва дарозии умумии ин дарёҳо зиёда аз 28 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гузариши аз ҳама зиёди оби дарёҳо дар давраи максималии обшавии барф ва пиряхҳо дар моҳҳои июн-август мушоҳида мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои камбориши ҷануб об намерасад.