Писари иблис Наримон. 8 - страница 3
– Ман низ шабу рӯз ба худам савол медиҳам— гуфт Наримон —Чаро айнан ман? Чаро ба ман мумкин нест, ки ба берун бароям ва одамонро бубинам. Самеъ, ту бори зиёд ба берун баромадӣ. Ҳаёт дар берун чӣ хел? Зоте, ки «Инсон» ном дорад чӣ хел аст?
– Ба ту чӣ тавр тасвир кунам— гӯён Самеъ ба девор нигоҳ карду инсониятро тасвир кард —Инсонҳо тарсончак ва камқувват. Онҳо сеҳру ҷодуро намедонанд, ба ягон ҳайвон табдил ёфта наметавонанд, бо як сухан инсонҳо аз ҳама зоти заиф ҳастанд. Чаро айнан дар бораи инсонҳо мепурсӣ, на ин ки афсунгарҳову париён?
– Надонам— ҷавоб дод Наримон —Худ низ намедонам, ки чаро дар бораи инсоният зиёдтар донистан мехоҳам.
Оҳи чуқур кашид ӯ.
– Наримон бихез! Ба ту як чизро нишон медиҳам.– гуфт Самеъ —Аниқ медонам, ки ту инро надидаӣ ва дар ҳайрат мемонӣ!
– Самеъ— гуфт Наримон —Ба берун баромадан ба ман қатъиян манъ аст. Ту инро хуб медонӣ.
– Ба берун намебароем— гуфт Самеъ —Он чиз дар ҳамин ҷо, дар даруни Тирагоҳ аст.
– Оё дар ин ҷо ягон чизе ҳаст, ки ман намедонам? – Наримон ба тааҷҷуб афтид ва мори бозӣ кардаистодаашро ба гарданаш гузошту аз ҷояш хест.
Онҳо бо як пайроҳаи танг ба боло баромаданд.
Самеъ роҳравон гуфт:
– Ман ҳам намедонистам. Дирӯз падарам ба ман нишон дод ва ман низ ба тааҷҷуб афтидам. Падарам ба ман ду асроре, Тирагоҳ дорад, нақл кард. Шояд ҷойҳое, ки мо намедонем, дар ин ҷо зиёд бошанд.
Пайроҳа хеле танг, дароз ва то рафт ториктар мешуд. Самеъ барои роҳро дидан дар кафаш оташ пайдо кард. Наримон низ каф ба боло, дасташро кушод ва дар болои кафи ӯ оҳиста оташ пайдо шуд. Онҳо роҳро давом медоданд. Дар як ҷое, ки пайроҳа гардиш дошт, истоданд.
– Мана ин ҷо— гуфт Самеъ.
Наримон ба ҳар тараф нигоҳ кард. Аммо чизи ҳайратомезаш набуд. Танҳо пайроҳаи тангу торик, ки самташро дига карда буд. Наримон ҳамин тавр фикр кард, аммо ҳоло ҷои муҳимаш наомада буд. Самеъ оҳиста дастонашро ба девор монд ва дар девор шакли чоркунҷа, ки атрофаш дар мегирифт, пайдо шуд. Он шакл оҳиста ҷудо шуду ба боло баромад ва дар девор даромадгоҳ пайдо шуд. Онҳо ҳарду оташҳои болои кафро хомӯш намуданду ба дарун даромаданд. Дарун мисли толор калону васеъ буд ва дар деворҳо оташҳо буданд. Наримон ба ҳар тараф нигоҳ карду гуфт:
– Ин ҷоро бори нахуст мебинам.
– Ин ҳоло ҳамаш не— гуфт Самеъ —Ба ин ҷо биё!
Самеъ ба охири толор рафту ба поён нигоҳ кард.
– Инро бубин!
Наримон аз қафои Самеъ рафт ва дид, ки дар охири толор як чуқурии калону васеъи чоркунҷа буд. Ҳаҷми он ҷуқурӣ мисли як ҳуҷра буд ва чуқурии ӯ тақрибан даҳ ва ё ёздаҳ қадам мебаромад. Дар он ҷо пурри морҳои сиёҳи калон – калон, ки дарозии ҳар якташ тақрибан ду қадам мебаромад, тобхӯрон меистоданд. Онҳо ҳамин тавр зиёд буданд, ки замин дар чуқурӣ намоён намешуд.
– Ин қадар мори зиёдро акнун мебинам— гуфт Наримон дар ҳайрат —Онҳоро кӣ ба ин ҷо ҷамъ кардааст ва барои чӣ?
– Инҳо морҳои оддӣ нестанд— гуфт Самеъ —Инҳоро «Флунҳо» меноманд. Бо нақли падарам дар дунё ғайр аз инҳо дигар Флунҳо нестанд. Ин морҳо тақрибан дусад сол пеш, аз тарафи иблисҳо дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо сохта шудаанд. Чӣ ҷонзоте набошад ҳам, ки агар ба тӯдаи Флунҳо фарояд зинда намемонад, ҳатто иблисҳо. Дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо иблисҳо афсунгарҳои охиронро дар ҳамин ҷо, бо азоб куштаанд. Ҳоло афсунгарҳо дар дунё мавҷуд нестанд. Дар ҷанги тӯлонӣ иблисҳо ғолиб омада буданд.
Самеъ море, ки дар гардани Наримон истода буд, гирифту дар болои чуқурӣ овезон дошт. Флунҳо оҳиста ба ҷои мефаромадани мор ҷамъ шуданду сарашонро бардошта, ба ҳамла омода шуданд. Мор бошад, аз тарс фаромаданро намехост ва ба дасти Самеъ мечаспид.