Писари иблис Наримон. 8 - страница 4



– Ту чӣ кор мекарданӣ ҳастӣ? – Наримон гуфт —Бубин мор метарсад напарто!

Мор аз тарс дасти Самеъро газид. Самеъ бошад, ба газидани мор парво ҳам накарду гуфт:

– Ҳозир шоҳиди тамошои аҷоиб мешавӣ.

Ӯ морро сар дод. Даме, ки мор фаромад, Флунҳо ӯро пора пора карданд.

– Бубин— гуфт Самеъ —Онҳо як зот бошад ҳам, Флунҳо инро намедонанд, онҳо фақат куштанро медонанд ва айнан барои ҳамин Флунҳо сохта шуда буданд. Онҳо ҳатто соҳиби худро мекушанд.

– Дастатро сахт газид? – Наримон ба дасти Самеъ нигоҳ кард.

– Не— ҷавоб дод Самеъ —Ҳатто таъсир накард.

Самеъ ҷароҳатро нишон дод, ки аз ҷои газидаи мор хуни сип – сиёҳ мебаромад. Зеро хуни иблисҳо сиёҳ буд.

– Ин ҷароҳатҳо бут мешаванд— Самеъ ҷароҳатро молид ва ҷароҳат худ аз худ ғоиб шуд —Аммо ҷароҳати як чиз дар иблисҳо умуман нест намешвад ва иблисро бо як теғ мекушад. Он чиз шамшери манҳус аст.

– Шамшери манҳус? – гуфт Наримон дар он оҳанге, ки бори аввал дар бораи ин шамшер шунавида истода буд.

– Бале— гуфт Самеъ —Шамшери лаънатикарда. Чуноне ки падарам нақл намуд, он шамшер панҷсад сол қабл аз тарафи афсунгари бузург сохта, лаънатӣ карда шуда буд. Он шамшерро ҳеҷ гоҳ шикаста ва ё нобуд карда намешавад. Ин тавр шамшерро дигар касе сохта наметавонад. Он ҳатто кӯҳро ба осонӣ мебурад.

– Мақсади он афсунгар чӣ буд? – Наримон пурсид.

– Мақсади ӯ худро ҳимоя кардан аз иблисҳо буд— Самеъ ҷавоб кард —Ягона шамшер, ки иблисро як лаҳзаба нобуд месозад. Он шамшер сабаби асосии ҷанги панҷсадсолина дар байни иблисҳову афсунгарҳо шуд. Ҳама зот мехоҳанд, ки он шамшерро дошта бошанд. Аз қафои шамшери манҳус чандин иблисҳо, афсунгарҳо ва дигар зотҳо нобуд шуданд. Дар охир, шамшер дар дасти иблисҳо монд ва аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки шамшер ҳоло дар ҳамин ҷо, дар Тирагоҳ аст. Ҷои аниқи онро чор бародарону хоҳарон, Авранг, падарам, падари ту, Луиза ва Сафия медонанд. Дигар ягон иблис ҷои онро намедонад ва падарам ба ман низ онро нишон надод, ки он асрори бузурги Тирагоҳ аст. Агар шамшери манҳус ба дасти зоти дигар фарояд, хатари калон барои иблисҳо пайдо мешавад.

Ҳамон вақт овози ҷарангдори Авранг ба гӯш расид. Онҳо ҳарду ба баромадгоҳ нигоҳ карданд.

Наримон гуфт:

– Беҳтараш, ки аз ин ҷо зудтар равем.

– Бале— гуфт Самеъ —Моро дар ин ҷо набояд, ки касе бубинад дар акси ҳол, ба сарамон кулфат меояд.

Онҳо зуд аз он ҷо баромаданд ва даромадгоҳ боз пӯшида шуд. Онҳо аз роҳи омадаашон бо зудӣ ба поён фаромаданд.

Дар поён ҳамаи иблисҳо ҷамъ шуда буданд. Авранг ба монанди минбар ба ҷои баланд баромада, бо овози баланд сухан мекард. Ҳамаи иблисҳо хомӯш ва бодиққат суханони ӯро гӯш мекарданд. Наримон ва Самеъ низ ба қатори дигарон ҳамроҳ шуда, Аврангро гӯш карданд.

Авранг бе саросемагӣ, дона -дона, ба ҳар тарафи иблисҳо нигоҳ карда, гуфт:

– Мақсади асосии мо дунёро аз они худ кардан аст. Албатта ҳама зот мехоҳад, ки дар дунё ҳукмрон бошад. Аммо аз они мо хоҳиш нест балки мақсад аст. Доимо ба сӯи мақсад ҳаракат мекунем ва касе ҳалалдор шавад бо замин яксон мекунем. Дар ин дунё зулмотро ҳукмрон месозем ва одамон ҳар лаҳза аз иблисҳо ҳаросида зиндагӣ мекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки одам доимо аз мо поён аст. Онҳо дар назди мо як мавҷудоти заиф ва паст. иблисҳо ҳамеша ба мақсади худ мерасанд ва ғалабаро ба даст меоранд. Дар роҳи мо монеъаи калон як зот буд, ки он зотро «Афсунгарҳо» меномиданд. Онҳо мехостанд, ки мақсади мо амалӣ нашавад, аммо мисли ҳарвақта иблисҳо пурқудтар баромаданд. Якчанд даҳсола қабл зоти афсунгарҳо тамоман нест карда шуд. Аз зоти афсунгарҳо ягон дона намонд. Ҳамин тавр, навбат бо навбат, ҳама зотҳоро несту нобуд месозем. Ҳукмронӣ аз они зоти пурқудрадтарин шуданаш лозим ва ҳамин тавр ҳам мешавад!