Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 11



Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он – низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ – ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.

Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисони соҳавӣ ва олимону муҳаққиқон пайваста қарор дорад. Бар ин назар ва такя ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси соҳа Саидов А. таъсиси институти хизмати давлатиро ба таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ асоснок месозад. Ӯ бар он назар аст, ки омӯзиши хизмати давлатиро мебояд ҳамчун тамоили яклухти иҷтимоӣ ба роҳ монд. Дар ин ҳолат метавон ба ин институти давлатӣ, яъне омодасозии кадрӣ аз мавқеи идоракунӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайра назар намуд (Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). 2006). Яъне зарур аст, ки пайваста дониш ва малакаи хизматчиёни давлатӣ такмил дода шавад, зеро унсурҳои идоракунӣ танҳо бо кадрҳои болаёқат ва соҳибмалака метавонад таҳким ёбад.

2.3 Давраҳои идоракунӣ

Идоракунии Тоҷикистонро ба ду давра: то истиқлолияти давлатӣ (ва ё дар даврони Шӯравӣ) ва баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷудо кардан мумкин аст

Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон мақоми давлати мустақилро соҳиб набуд, сохтори идории хоси худро надошта, зери тобеияти собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари 14 кишварҳои дигар қарор дошт. Сохти идоракунии давлати Шӯравӣ – Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) бошад, намуди анъанавии шакли бюрократӣ ва ё авторитарии идоракунӣ буда, кулли қарорҳои хусусияти идоридошта аз ҷониби ҳокимияти марказӣ қабул мегардид. Ҷумҳуриҳои аъзо асосан салоҳияти маҳдуд дошта, чун шохаи иҷроияи ҳокимият фармонҳо ва супоришҳои ҳокимияти марказиро амалӣ мегардониданд.

Барои возеҳ нишон додани масъала баъзе хусусиятҳои сохтори идоракунии давлатии ИҶШС-ро тафсир менамоем. Сохти умумии идорӣ мутлақ ва ё дар шакли муттамарказ бо тарзи амудӣ ба роҳ монда шуда, тамоми муносибатҳо аз Марказ – шаҳри Москваи Федератсияи Россия ибтидо мегирафтанд. ИҶШС асосан аз сохторҳо ва тартибҳои идоракунии зерин иборат буд:

– Идораи маъмурӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои вазирон пеш бурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои аъзо дар навбати худ, Шӯрои вазирон амал менамуд, аммо дар тобеияти Марказ қарор дошт;

– Идораи сиёсӣ – аз ҷониби котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ идора карда мешуд. ИҶШС сохти яккаҳизбӣ дошта, тамоми масъалаҳои сиёсӣ дар сатҳи Марказ баррасӣ ва қабул мегардиданд;

– Идораи намояндагӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олӣ (Парламент) ва комиссияҳо идора карда мешуд. Чунин низом дар ҷумҳуриҳо низ амал менамуд, аммо мустақилияти комил надошт;

– Идораи ҳуқуқӣ-назоратӣ – аз ҷониби Шӯрои суди Олӣ, прокуратураҳо, сессияҳои Суди Олӣ пеш бурда мешуд. Идоракунии ин низом низ ба Марказ вобастагӣ дошт;

– Мудофиа – дар тобеияти бевоситаи ҳокимияти марказӣ қарор дошта, нигоҳубин ва банақшагирии хизмати ҳарбӣ аз Марказ ташкил мегардид;

– Иқтисодиёт – маблағгузории Буҷети давлатӣ аз Марказ таъмин мегардид, ҳокимияти маҳаллӣ (кишварҳои аъзо) ҳамасола ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Инчунин, истеҳсолот бо тарзи нақшабандӣ иҷро гардида, қисми зиёди маҳсулоти гаронбаҳо, ба монанди пахта, тилло, нафт, газ, барқ ва ғайра ба ихтиёрдории Марказ вогузор шуда буд (супурда мешуданд);