Читать онлайн Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ



© Миралиён Қиёмиддин, 2019


ISBN 978-5-4496-3737-6

Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero

СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

маводи таълимӣ

Муқарризон:

Идиев Х. У. – муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор;

Шоисматуллоев Ш. Ш. – мудири шуъбаи сотсилогияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор;

Самиев Б. Ҷ. – сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор.


Китоб бо назардошти ҷанбаҳои назариявӣ, илмии методологӣ ва хусусиятҳои озмоишию амалии идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ дар шароити ҷомеаи муосир, инчунин вазъ ва имкониятҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон омода шудааст.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/11 барои нашр тавсия дода шуд.

МУНДАРИҶА

ПЕШГУФТОР

БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

§1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

§4. САМТҲОИ АСОСИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ

БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ

§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ

§8. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ, НИЗОМҲО ВА ИНСТИТУТҲО

§9. МЕЪЁРҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ

§10. МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ.

§11. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ

§12. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛӢ ДАР ИДОРАКУНӢ

§13. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛИИ ШАХСИЯТ

§14. МАДАНИЯТИ МУТТАҲИДӢ (КОЛЛЕКТИВ) ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ

§15. НАҚШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТАҲКИМИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

БОБИ III. УСУЛҲОИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ

§16. ТАДҚИҚОТҲОИ СОТСИОЛОГӢ ДАР ИДОРАКУНӢ: НАМУДҲОИ ТАҶРИБАВӢ ВА АМАЛИИ ОН

§17. ТАФСИРИ (ШАРҲИ) ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ

§18. УСУЛҲОИ ИНТИХОБ (ХОСТАГИРӢ) ДАР ТАДҚИҚОТИ ҶАРАЁНҲОИ ИДОРАКУНӢ

§19. ПЕШБИНӢ ВА ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ: УСУЛҲОИ ТАТБИҚ ВА АМАЛИСОЗӢ

§20. ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ ВА УСУЛҲОИ ТАТБИҚИ ОН

§21. БАНАҚШАГИРӢ ВА ЛОИҲАСОЗИИ ИҶТИМОӢ

§22. ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАРЗИ БАРНОМАСОЗИИ ИҶТИМОӢ

§23. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АМАЛИИ ИДОРАКУНӢ ВА ИҶТИМОӢ

БОБИ IV. РОБИТА ВА НАҚШИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАКУНӢ

§24. МАДАНИЯТИ РОБИТАВӢ ДАР ИДОРАКУНӢ

§25. УСУЛҲОИ ТАШКИЛИ ИТТИЛООТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ИДОРАКУНӢ

§26. ИШТИРОК ВА ШАРИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ

§27. НЕРӮИ (ПОТЕНСИАЛИ) ЭҶОДИИ МЕҲНАТӢ-ИСТЕҲСОЛИИ ИНСОН ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ

§28. ИМКОНИЯТҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГИИ ИДОРАКУНӢ

§29. СИМОИ ТАШКИЛОТ: УСУЛҲОИ ТАШАККУЛДИҲӢ ВА РУШД

§30. ТАВАККАЛ, ТАРЗУ УСУЛҲОИ ТАНЗИМ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТ

§31. БУҲРОН ДАР ҶАРАЁНИ ИДОРАКУНӢ: УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН

§32. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНӢ.. 227

§33. МЕНЕҶМЕНТ ВА Ё ИДОРАКУНӢ: ТАШАККУЛЁБӢ, ХУСУСИЯТНОКӢ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН

САВОЛҲО ВА ҶАВОБҲОИ ЭҲТИМОЛӢ БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН

ПЕШГУФТОР

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф таҳким, такмил ва рушди муносибатҳои идоракунӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муносиб дар самти татбиқи принсипҳои либералии (демократии) идоракунӣ, зимнан истифодаи пурмаҳсули захираҳои инсонӣ, нерӯи зеҳнии ҷомеа ва рушди имкониятҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ногузир ва хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ вазъ додааст. Яъне, ташкил ва пешбурди муносибатҳои идоракуниро наметавон бидуни ташаккули заминаҳои назариявӣ, илмӣ, методологӣ, маънавӣ, таълимии психологӣ ва методии амалии идоракунии иҷтимоӣ дар ҷараён гузошт.

Мутаассифона дар ҳолати имрӯза, ин масъала – татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ, дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.

Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ – сотсиологияи идоракунӣ – бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.

Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва шахсони дигар, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия мегардад.

БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

1.1 Ташаккулёбии сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун илм

Сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун мавзӯи таҳқиқу омӯзиш нав буда, дар асоси илмҳои идоракунӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) дар самти танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст.

Илми идоракунӣ дар навбати худ, дар шароити пайдо шудани зарурат барои омӯзиши муносибатҳо ва ҷараёнҳои гуногун, фаррох, худфаъол, бисёрҷабҳа, байнисоҳавӣ ва ҷамъиятии идоракунӣ ба амал омадааст.

Идоракунӣ умри куҳан дошта, аз рӯзи ҳастии инсоният ҳамчун василаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, идора ва ҳамоҳангсози одамон оид ба амалигардонии фаъолияти муайян дар шакли давлат ва ё давлатдорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо гардида, якеро аз байни худ, албатта бо назардошти бартариятҳои муайян ҳамчун сарвар интихоб менамуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзгор ва рӯзмараи хеш зимни қабул ва татбиқи қарорҳо ба ӯ итоат мекарданд; ки ин шакли идории ҷамъиятиро монанд месозад.

Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.

Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ – Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад – гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.

Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣ бо фарогирии услуб ваусулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом) таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X – XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII – XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор дода шудаанд.

Назариёти Низомулмулк вобаста ба идораи давлатӣ аз усулҳо ва василаҳои зерин иборат мебошад (Заходера Б. Н. Сиасет-наме. 1949):

– Эҳтиром гузоштани ҳокимон ба фаровонӣ ва ризқу рӯзии (аз ҷониби Худованд) фароҳамгардида;

– Таъмини адолат ва ҳалли баҳсҳо дар байни одамон;

– Назорати кору фаъолияти вазирон, раисон, қозиён ва дигар ходимони давлатӣ;

– Таҳқиқот ва тафтишот аз рӯи боварӣ ва эътиқодмандии ҷомеа ба Шариат ва рукнҳои он;

– Иҷро кардан ва эҳтиром гузоштан ба амру фармонҳои Роҳбари Олӣ (Шоҳ);

– Сафорати намояндагон ва ё ходимони давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус ва муҳим;

– Шӯрои (машварати) илмии давлатӣ;

– Таъмини мудофиа ва тартиботи истифодаи яроқу аслиҳа;

– Асосҳои хизмати (хизматрасонии) туркманҳо, туркҳо ва ғуломон;

– Тартиби маҷлисҳо ва қабули наздикон;

– Танбеҳи ходимони давлатӣ барои хатогиҳои ошкоршуда;

– Қадрдонии хизматгорон ва ғуломон барои хизматҳои шоиста;

– Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ дар идораи давлатӣ;

– Назорати андозбандӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.

Дар умум назариёт ва тавсияҳои Низомулмулк ба идораи давлат бар асоси адолат, футувват, инсондӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва эҳтироми иҳотакардагон ва хизматгорон, ки аз таълимоти дини мубини Ислом бармеояд ва дар фаъолияти кулли кишварҳои ҷаҳон имрӯз низ дар амал мебошанд, ба амал бароварда шудаанд.

Саҳми олимони Ғарб дар рушди илми идоракунӣ, ки онро ба фаҳмиши муосири идоракунӣ рабт додан мумкин аст, ду-се саддаи охир назаррас гардид, зеро сохти идоракунии давлатии кишварҳои Ғарб ба муваффақиятҳо ноил гардида, то имрӯз таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн карда шуда истодааст. Дар ин раванд мавқеи фаъолро сохти либералӣ ва ё демократии идоракунии давлатӣ ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.