Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 4
Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)
Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад.
Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:
– бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;
– тахассуснокии маҳдуд;
– иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;
– ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;
– баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.
Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истад ва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.
Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.
Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)
Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:
– Талаботи табиӣ (физиологӣ) ва шаҳвонӣ – тавлиди (аз нав бавуҷудоварии) насл, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хӯрок, манзил ва ғайра;
– Талабот ба ҳастӣ – бехатарии ҳастии худи шахс, боварӣ ба оянда, шароитҳои муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат – талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;
– Талаботи иҷтимоӣ – робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;
– Талабот ба худшиносӣ – эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;
– Талаботи шахсият ва руҳӣ – худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.
Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.
Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд.