Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 5
Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)
Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, – шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, – ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.
Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.
Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.
Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣ мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣ номида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад – ин худҳавасмандсозӣ аст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.
Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.
Омилҳои «гигиенӣ»ва ё берунӣ ин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи уфуқ, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат – ҳавасмандгардонӣ аз берун мебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошад, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.
Ҳамин тариқ, мувофиқи назари Хертсберг муносибат ба кор аз ду паҳлӯ бояд баррасӣ карда шавад. Мебояд муайян кард, ки корманд ба чӣ майл дорад ва чӣ ӯро хушҳол ва ё хушбахт мегардонад. Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз якум бармеояд, – корманд аз чӣ дасткашӣ дорад, ки ӯро нохуш мегардонад. Мувофиқан василаҳои қонеъ гардонидани ин ду паҳлӯи / гуруҳи алоҳида ва баробари ба талаботи корманд вобастабуда бояд гуногун бошанд.
Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор)
Назарияи Макгрегор аз ду қисмат авторитарӣ ва демократӣ иборат буда, вобаста ба сабабнокии / шавқангезии меҳнат дар идоракунӣ саҳми муносиб дорад. Ин ду қисматро муҳаққиқ шартан ба назарияи «Х» ва «У» ишора мекунад, ки дар ин ҷо назарияи «Х» – тарзи авторитарии роҳбариро бо назардошти назорати қатъӣ, маҷбур кардан ба меҳнат, муҷозот ва такя ба қадрдонии моддӣ ифода мекунад. Назарияи «У» бошад, тарзи демократии роҳбарӣ буда, истифодаи васеи қобилияти зертобеон, назорати фасеҳ, набудани маҷбурсозӣ, худназоратӣ, талош варзидан ба масъулиятнокӣ, ҳавасмандсозии маънавӣ, манфиатнокӣ дар меҳнат ва иштирок дар идоракуниро фаро мегирад.
Инчунин, назарияи мазкурро ба усулҳои идоракунии давраҳои пешин (классикӣ) ва муосир тавзеҳ додан мумкин аст. Дар давраҳои то асрҳои IXX – XX дар тамоми ҷаҳон асосан тарзи идоракунии «Х» истифода мегардид, яъне идоракунӣ бо усулҳои авторитарӣ – яккаҳокимиятӣ, маҷбуркунӣ, назорати қатъӣ ва ғайра ба роҳ монда мешуд, зеро барои аксари соҳибмулкон ва ё идоракунандагон тарзи иштирок ва ҳамфикрӣ дар идоракунӣ бегона буд. Дар ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо нуқтаи асосиро метавон ба паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши ҷомеа оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рабт дод. Имрӯзҳо бошад, асосан тарзи идоракунии «У» ҳукмфармо мебошад ва сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар демократикунонии муносибатҳоро дар идоракунӣ тақозо менамоянд, зерои ин принсип дар шароити имрӯза устуворӣ ва муваффақпазирии худро собит сохтааст.