Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 14



Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад дар идораи давлатӣ иштирок ва ҳукмфармоӣ намояд. Дар ин ҷо ба инсон дар як вақт, ҳам вазифаи тобеъ-итоаткунанда ҳамчун шаҳрванд ва ҳам мақоми ҳукмфармо дода шудааст, ки идоракунии навъи иҷтимоӣ мебошад.

Ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунӣ дар моддаи 35 Конститутсия ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Мутобиқи ин муқаррарот ягон шахс ба меҳнат маҷбур карда намешавад, интихоби касбу кор озод аст, ҳангоми бекорӣ бошад, ҳуқуқи шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат таъмин карда мешавад. Ҳамчунин муайян гардидааст, ки барои кори ё шуғли намуд, тарз ва шакли ягонадошта музди баробар дода мешавад. Яъне, дар ин ҷо шахсияти инсон ҳамчун мутахассис ва кордӯст ба эътибор гирифта мешавад, мутаносибан дастмузд дода мешавад – муносибатҳои шахсӣ, наздикӣ ва хотирбинию қадрдонӣ, рӯйхушӣ ва дигар амалҳои номуносиб роҳ дода намешаванд.

Барои барқароркунии руҳӣ ва равонию ҷисмонӣ ба корманд рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, рухсатии ҳарсолаи пулӣ ва дигар шароитҳои муносиб таъмин карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахси корманд бо нерӯи наву тоза баҳри пешрафти корхона / ташкилот адои меҳнат кунад.

Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз се шоха – намояндагӣ ё қонунгузор (Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат) ва судӣ иборат мебошад, ки ҳар се шохаи ҳокимият дар навбати худ, низоми идоракунии хосро соҳиб буда, дар баррасӣ ва қабули қарорҳои идорӣ мустақил мебошанд.

Дар низоми идоракунии Тоҷикистон дар баробари шохаҳои асосии ҳокимият ҳамчунин низомҳо ва ё сохторҳои нисбатан мустақили идоракунӣ амал мекунанд.

Яке аз чунин низом сохтори идоракунӣ-назоратӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ – прокуратура мебошад, ки роҳбари он-Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад. Фаъолияти прокуратура мустақилона бидуни дахли шахсони мансабдор ба роҳ монда мешавад. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки волоияти қонун дар ҷомеа дар фазои нисбатан шаффоф ва адолатнок таъмин карда шавад.

Дигар сохтор, ин Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда муқаррар шудааст. Бонки миллӣ фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд ва масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевоситаи ҳокимияти давлатӣ озод мебошанд ва сохти идоракунии онҳо мустақил ба роҳ монда мешавад.

Қисмати интиҳоии Конститутсия (моддаи 100) бо – Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. – анҷом меёбад, ки шаҳодати бо тамом аз хусусияти идоракунӣ иборат будани онро инъикос менамояд.

2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ

Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.