Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 18
– Ба қонунҳо имзо гузорад;
– Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;
– Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;
– Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;
– Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;
– Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;
– Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода барад;
– Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар диҳад;
– Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал кунад;
– Паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад;
– Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал кунад;
– Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз гардонад;
– Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонад;
– Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ намояд.
2.9 Ҳукумат
Сохтори идории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар сохтори Ҳукумат ва назди Президент идораҳо ва агентиҳо фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом дар соҳаи алоҳида сиёсати муайянгардидаро татбиқ менамоянд.
Ҳукумат қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва ҳарду аплатаро дар алоҳидагӣ ва фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро татбиқ менамояд. Яъне амалисозии санадҳо ва сиёсати муқарраргардида ба зиммаи Ҳукумат вогузор мебошад.
Фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо ва ташкили Буҷети давлатиро дар мувофиқа бо Маҷлиси Олӣ ва (роҳбарӣ бо) Президент ба амал мебарорад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Идораи давлатӣ дар маҳал чун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мақомоти иҷроия ва намояндагӣ иборат мебошад.
Масъулияти асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.
Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.