Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 8



Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.

Ҷадвали 1



Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия

Бюрократия аз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос – ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.

Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ – ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ менамояд. Хусусияти манфии бюрократия аз расмиёти гуногуни дастурдиҳӣ, фармондиҳӣ, вазифагузорӣ ва ғайра, ки дар ниҳоят он самти худро тағйир дода, ба мақсади асосии ҳокимият табдил меёбад, иборат мебошад. Тибқи назари олим дастоварди асосии бюрократия ин самранокии баланд ва ё маҳсулнокии фаъолияти хоҷагидорию иқтисодӣ мебошад, камбудии асосӣ бошад, ин рад кардани (ба эътибор нагирифтани) хусусияти ҳолатҳои низоангез ва набудани фасеҳӣ (гиро будани ақл, дастрасӣ) дар ҳолати зарурӣ мебошад.

Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:

– фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;

– дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;

– принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;

– ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;

– фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;

– низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;

– дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.

1.3 Намудҳои ташкилотҳо

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ – аз боло ба поён фаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиро пеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд: