Нигина ва Мирмалик - страница 17
– Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.
– Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!
– Шумо чӣ?
– Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.
– Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед? – бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд – агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.
Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:
Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,
Санги Арӯс Сайидарост кошона.
Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз
Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.
Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:
– Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!
Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.
Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!
Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…
– Омад ба сарам он чӣ метарсидам! – даст ба пешонӣ зад роҳбалад. – Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…
Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:
– Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.
Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:
Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,
Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.
М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,
К-аз булбулу гул баргу навое дорем!
Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.