Нигина ва Мирмалик - страница 18
* * *
Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.
– Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, – гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. – Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.
Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:
– Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…
Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:
– Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам…
– Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад…
– Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.
– Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат…
– Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!
– Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ…
– Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ…»
– Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.
Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…
– Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:
Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,
Дар гулшани ҷон баҳори кӯи Ворух,
Чун ваъдаи васлу аҳди некӯномӣ
Дар дафтари ишқ гуфтугӯи Ворух.
Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд
Нигина, ки ҳафтмоҳа таваллуд шуда буд, дар панҷсолагӣ ба хондан шоиста гашт. Рӯзи чаҳоршанбеи аввали моҳи шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукниҳоли хеш ба пеши Бибӣ Заҳро бурд ва салому ҳолпурсӣ карду афзуд:
– Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.
Бибӣ Заҳро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо лаҳни навозиш гуфт:
– Кори хуб кардӣ, духтарам. Аз ҳамин лаҳза Нигина маро ҳамчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ҳушёр аст. Агар қобилу гапдаро шавад, ба осонӣ хондану навиштанро ёд мегирад.