Нигина ва Мирмалик - страница 19



Нигина дасташро оҳиста раҳо карда, қадаме қафо гузошту бо сари хам ва гардани каҷ ғурунгид:

– Гапдаро намешам ман…

Модар лаб газиду муаллимаро завқаш омад ва хам шуда, пешонаи кӯдакро бӯсид:

– Офарин, ҷони бибӣ, ки хатои маро ислоҳ кардӣ! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду насиҳати маро бодиққат гӯш кун. Хуб?

– Хуб шудааст, бибиҷун! – нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва сӯйи модар панҷаи падруд афшонда, аз қафои муаллима ба мактабхона даромад.

Аз байн як моҳ гузашт. Боре Бимастура барои куртадӯзонӣ ба дӯкони чевар раҳсипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро машғули сангчабозӣ дид. Бачагияш ёд омаду лаҳзае истода, хаёломез он сӯ нигарист ва… Нигинаро шинохт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба бозӣ банд буду ҳафт сангчаро ба пушти даст ниҳода ва чолокона боло ҳаво дода, моҳирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.

Куртаю чевар фаромӯш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилтоқа мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як қад париду барқвор аз ҷой ҷаҳид ва гунаҳкорона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.

– Эй ҷуни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарчаҳои бегуна бозӣ мекунӣ?

– Аз дарс гурехтагӣ не ман. Маълима ҷавоб додагӣ.

– Чува ҷавоб дод?

– Дар таги коса ягон нимкоса ҳай. Канӣ пеш даро, ба мактабхуна равем.

Аз нақли бибиотун маълум шуд, ки як ҳафта боз рафтори Нигина дигаргуна шудааст.

– Духтаратон сабақ омӯхтан намехоҳад, – лаб ба шикоят кушод омӯзгор. –Дилу бедилон ним соат мешинаду сабақро нисфу нима ғурува карда, бо ҳар баҳона ҷавоб мепурсад. Имрӯз гуфт, ки «сахт дард мекунад сарам, ҷавоб диҳед…»

– Эй ҷуни модар, чува дурӯғ гуфтӣ?

– Дуруғ нагуфтиям ман. Ба Худо қасам, ки аз ҳарруза «алиф, бе, те, се» гуфтан ба дард дарумад сарам.

– Ин хел бошад, чува пеши ман нарафтию бо кудако машғули бозӣ шудӣ?

– Бозӣ кунам агар, дард намекунад сарам. Торафт зиёд мешад шавқу ҳавасам…

Модар бо тааҷҷуб ба муаллима нигаристу вай бо таҳайюр ба Нигина. Зеро аз тарзи суханронии кӯдак пай бурд, ки Худованд вайро на барои илмомӯзӣ, балки барои бозию шодӣ офаридааст. Ёдаш омад рӯйдоди дирӯза: дар таъзия ҳузур доштанаш зарур шуду чун ҳамеша ба ҳар толиба вазифаи мушаххас супорида, хотирҷамъ рафт. Баъди соате баргашту хун ба сараш зад – синфхона ба бозор табдил ёфта буд! Чор толиба лавҳаи ҳарфнависиро мисли таблаку доира «менавохтанд»-у чори дигар кафкӯбӣ мекарданду Нигина ҳамроҳи духтараке арғушт мерафт. Таҳпурсӣ нишон дод, ки ташаббускори «дарси рақс» Нигина будаасту дигар духтарон ба як пуф маътал…

Бибӣ Заҳро албатта, ҳамаро гӯшмол доду хост Нигинаи питирросиро сахтакак танбеҳ диҳад. Вале ин маҳмадоно бо лутфи ширини кӯдакона «гоҳ хондану навиштан-гоҳ бозию рақсидан табъи дили мо» гуфту деги ғазаби муаллима аз ҷӯш монд…

Бибӣ Заҳро хост ин рӯйдоду гапҳои соядори Нигина ва хулосаи худро рӯйирост ба Бимастура ифшо намояд, вале Нигина пешдастӣ кард:

– Зиқ нашавед, бибиҷун. Раҳе, ки маро пеши чашм асту мебинам дар хоб ҳар шаб – дигар аст, аз паҳлӯи мактабхона мегузарад…

– Вай чӣ хел раҳ будааст?!

– Агар пурсанд мегуям ба додоям…

Абдулсайид нақли ҳамсарашро бодиққат шунид ва Нигинаро пеши худ хонду бо табассуми малеҳ пурсид:

– Рост аст, ки ҳар шаб як хоби ғалатӣ мебинӣ?

– Ҳамин хел, додоҷун. Як шаб мебинам, ки доира дар дастам, шаби дигар мекунам танбурнавозӣ, сеюм шаб мерақсаму мечархам…

Модар аз ҳайрат чашм калон кушоду беҳол ба девор такя зад. Вале ҳолати падар тағйир наёфт: