Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 22



 – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Иттифоқҳои касаба ба таври муттамарказ дар сохтори тамоми ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию сохторӣ, аз ҷумла институтҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ҳифз мекунад ва пеш мебарад.

Иттиҳодияи ҷамъиятӣ – тибқи қонунгузорӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои муайян муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2400 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муттаҳидкунандаи одамон дар татбиқи ҳадафҳои муайяни хеш амал менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъруф ва машҳури Тоҷикистон бо номи Иттифоқи журналистон, Иттифоқи ҷавонон, Иттифоқи расомон, Ассотсиатсияи волонтёрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва ғайра шинохта мебошанд, ки ҳар кадом дар маҳалҳо намояндагиҳо ва аъзои зиёди худро доранд.

Ҳизби сиёсӣ – тибқи қонунгузорӣ идтиҳодяи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсии зерин фаъолият мекунанд:

– Ҳизби демократии Тоҷикистон – 10 августи соли 1990 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон – 10 декабри соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар айни замон ҳизби пешбар буда, онро Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд;

– Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст;

– Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 18 марти 1998 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 4 сентябри соли 1991 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – аз соли 2005 фаъолият менамояд;

– Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 ноябри соли 2005 ба қайд гирифта шудааст.

2.12 Мактаби идоракунӣ дар Тоҷикистон

Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар айни замон идоракунӣ заминаи илмии устувори худро дар Тоҷикистон ташаккул надодааст. Шумораи ками олимон ва муҳақиқон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар сатҳи сиёсати давлатӣ масъалаи мазкур бо роҳи ташкили институтҳои идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ заминаҳои муайяни худро пайдо кардааст.

Дар кишвар дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2003, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад. Бо ҳамин метавон гуфт, ки институти идоракунӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ташаккулёбии бонизом шуруъ мекунад.

Дар баробари ин, дар заминаи вазорату идораҳо бобати ташкили тадқиқотҳои илмию амалӣ ва методологии соҳавӣ, ташаккули низоми идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ институтҳои миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Мисол: Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии акушер-генекологӣ, Институти такмили ихтисоси кормандони адлия, Институти такмили ихтисоси кормандони омӯзгорӣ ва ғайра. Яъне, новобаста аз мавҷуд будани низоми умумҷумҳуриявии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои идоракунанада дар кишвар соҳаҳо дар алоҳидагӣ ташкили институтҳои идоракунии ва омодасозии кадрии худро иқдом кардаанд.