Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 24



– Шосаидов С. Ҳ. Идоракунии низоъҳо дар корхонаҳо: тавсифи умумӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.39—49

– Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши он дар муттаҳид кардани ҷомеаи Тоҷкикстон. / Тарзи дастрасӣ: http://www.shuro.tj/

§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

3.1 Мафҳумҳо ва мақсади сотсиологияи идоракунӣ

Сотсиологияи идоракунӣ чун дигар илмҳо мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои хоси худро соҳиб мебошад.

Мавзӯи илм ин маҷмӯи мафҳумҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳақиқати воқеӣ (объективӣ) тавсиф карда мешавад. Зимнан, сотсиологияи идоракунӣ соҳаи муносибатҳои идоракунии дар ҷамъият дар ҳар давраи муайяни таърихӣ пайдошударо меомӯзад.

Умуман илми идоракунӣ васеъ буда, он аз ҷониби соҳаҳои гуногун, ба монанди равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба таври муназзам омӯхта мешавад. Аммо ин ҷо ин илм дар шакли маҳдуд, яъне қисмати иҷтимоии он дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми таҳлил, баррасӣ ва омӯзиши он соҳаҳои дигари идоракунӣ дахл карда намешаванд, зеро ҷамъият, ки объекти асосии сотсиология мебошад, фарогирандаи кулли соҳаҳои идоракунӣ арзёбӣ мегардад.

Ба омӯзиши идоракунӣ олимони зиёд саҳм доранд, аммо яке аз муваффақтаринҳо дар ин самт М. Вебер мебошад, ки назариёти ӯ ба ҷараёни низоми идоракунии имрӯза низ муносиб арзёбӣ мегардад. Мувофиқи назариёти М. Вебер оид ба ҷудокунии нақши бюрократия дар сохтори идоракунӣ истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои фаъолияти гуруҳӣ ва рушди низоми қоидаҳои бешахсиятӣ (таъсир надоштани шахсият) дар дохили ташкилот, ки ба идоракунии ҳокимият дар шакли иерархӣ (зинабандӣ) асос меёбад, тавсия гардидааст.

Дар инҷо шахсият манфиатҳои инсонро, ки новобаста аз масъулияти мансабӣ ва ё хизматӣ (нисбат ба ҷомеа ва давлат) ба нафъи худ ва ё баҳри қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи худ равона мегардад ифода мекунад.

Бар ин мавзуъ назари муҳаққиқ бар он асос меёбад, ки аз як тараф хадамоти давлатии бюрократӣ тартиботи босамарро дар ҷомеа таъмин менамояд, аз тарафи дигар «ҳокимияти болоӣ» дар идоракунии ҷамъиятӣ шабеҳи «яккасардорӣ» мебошад. Ин усул хоси идоракунии сохти маъмурӣ мебошад, ки дар он мутахассисон ва ё хизматчиёни давлатӣ аз рӯи принсипи тақсимоти қатъӣ ва иерархияи вазифаҳо амал мекунанд. Мувофиқан хизматчиёни давлатӣ дар сохтори бюрократӣ манфиатҳои хоси худро иборат аз ду гуруҳ: умумӣ ва шахсӣ соҳиб мебошанд; манфиатҳои умумии онҳо манфиатҳои ҳокимият ташкил медиҳанд, аммо манфиатҳои шахсӣ фарогири нафъи худи онҳо (хусусӣ) мебошанд. Чуноне дар ҳаёти имрӯза низ мушоҳида мегардад дар бисёр ҳолатҳо, бахусус ҳангоми аз назорат (аз ҷониби мақомоти болоӣ) дур мондан манфиати шахсии инсон / маъмур аз манфиати умумӣ (ҳукумат, ҷомеа) пеш гузошта мешавад. Маҳз ҳамин заифии сохтори бюрократӣ (камназоратӣ) боиси пайдо шудани коррупсия ва норозигии ҷамъият нисбат ба ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Новобаста аз ин, тибқи назари Вебер маҳз намуди бюрократии ташкилоти маъмурӣ навъи идоракунии беҳтарин мебошад, зеро он – идоракунии маъмурӣ метавонад дақиқият, устуворӣ, тартибот ва боэътимодиро дар муносибатҳои идоракунӣ таъмин созад ва қобили бадастории сифати олӣ бошад. Аммо намуди дигари идоракунӣ – идоракунии оммавӣ / ҷамъиятӣ, ки танҳо ба ташкили ҷамъияти касбиён (коршиносон), ки дониши васеро дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз рӯи сохторҳо, ваколатҳо ва сатҳҳои гуногуни иҷро фаро мегирад, қобил мебошад. Ин шакли ҳамгироии маъмурие мебошад, ки ба худ ҳам «сиёсатмадорон» ва ҳам «маъмурон» -ро шомил мегардонад. Ба ин намуди ташкилот ва ё идоракунӣ дар Тоҷикистон фаъолияти Иттифоқи журналистон, Иттифоқи матлубот, Иттифоқи нависандагон, Иттиҳодияи корфармоён, Шӯрои миллии ҷамъиятӣ ва ғайра мисол шуда метавонад.