Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 25
Дар мавазуи идоракунии ҷомеа, бахусус принсипҳои либералӣ ва демократии идоракунӣ саҳми муҳаққиқон, аз қабили Руссо Ж., Локк Д. Ж., Спиноз Б. ва дигарон хеле зиёд аст.
К. Маркс ва Ф. Энгелс низ дар ташаккули консепсияи идоракунии ҷамъият саҳми босазо гузоштаанд, чуноне дар яке рисолаҳои худ овардаанд: «Омилҳои бошууронаи идоракунӣ дар фаъолияти мақсадноки одамон, таъсиррасонии институтҳои ҷамъиятӣ, амали ташкилотҳои таъминкунандаи тартибот ва озодии нисбӣ аз ҳолатҳо, бедодӣ, фалокат ифода меёбад».
Ҳар як ташкилот хоҳ хурд хоҳ бузург фаъолияти худро ба иҷрои якчанд вазифаҳои муайян равона месозад. Ба вуҷуд омадани хирқи (феномени) иҷтимоии махсус – идоракунӣ, ба пайдо шудани фардҳои алоҳида ва гуруҳҳои машғули фаъолияти идоракунӣ боис мегардад. Идоракунӣ намуди фаъолиятест, ки вазифаи он роҳбарии одамонва ё низоми муносибатҳои намуди иерархияи (зинабандии) иҷтимоии фарогирандаи назорат, ҳокимият, мартаба, мақом ва нақш мебошад.
Дар илми муосир идоракунӣ соҳаи дониш ва намуди фаъолиятест, ки ба 4 амалҳо ва ё вазифаҳо: банақшагирӣ, ташкилӣ, сабабнокӣ (ҳавасмандгардонӣ) ва назорат асос меёбад.
Сотсиологияи идоракунӣ – илми ҳудудӣ буда, дар сарҳади ду фанҳои мустақил сотсиология ва идоракунӣ пайдо шудааст. Сотсиологияи идоракунӣҷараёни ташаккулёбӣ, амалкунӣ ва рушди соҳаи муайяни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятиро баррасӣ намуда, механизми муносибатҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ, қонунияти амалҳо ва рафторҳои иҷтимоиро дар раванди идоракунӣ меомӯзад.
Дар инкишофи сотсиологияи идоракунӣ хизмати муҳаққиқони назарияшинос ва амалия Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Г. Форд, Г. Эмерсон, Э. Мэйо, Р. Мертон ва дигарҳо назаррас мебошад.
Хусусияти хоси сотсиологияи идоракунро ҳамчун назарияи сотсиологияи алоҳида (махсус), инчунин объект ва предмети он метавон ба мақсадҳои зерин ифода намуд.
Якум, – яке аз масъалаҳои муҳими сотсиологияи идоракунӣ ин омӯзиши омилҳои воқеие мебошад, ки мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ ва фаъолияти доиморушдёбандаи идоракуниро ташкил медиҳад. Омӯзиши омилҳое, ки дар он хусусиятҳои амалҳои мутақобилаи он шахсоне изҳор мегардад, ки: идоракунии ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоиро ба уҳда доранд – идоракунандагон; ва ё (шахсоне ки) дар мақоми роҳбарикунанда шомил намебошанд ва дар фаъолияти идоракунӣ иштирок намекунанд ва (мутаносибан) маҷбур ҳастанд, ки тобеи дигарон (роҳбарон) бошанд, амр, фармон ва дастурҳои онҳоро иҷро намоянд – идорашавандагон.
Дуюм, – сотсиологияи идоракунӣ аз байни омилҳои зиёди воқеӣ ва гуногунишакли ҷамъгардидаи мансуб ба фаъолияти идоракунӣ муҳимтарини онҳоро ҷудо мекунад ва бо ҳамин восита: раванди рушдёбии ҷараёнҳои идоракуниро; тағйирёбии вобастаи ин омилҳоро аз тағйирёбии шароитҳои фаъолияти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии одамон; инкишофи гуруҳҳо, ҷамъиятҳо ва дар умум ҷомеаро муайян менамояд.
Сеюм, – вазифаи сотсиологияи идоракунӣ иборат аст: аз эзоҳ (шарҳ) додани зарурати дар низом ва сохтори фаъолияти идоракунӣ ба вуҷуд омадани ин ё он навовариҳо ва усулҳои муносиб ва нави амалии татбиқи онҳо (дар ҷараёнҳои идоракунӣ) бо назардошти шароити мувофиқ.
Дар баробари ин, агар муайян кардани тамоюли рушди фаъолияти идоракунӣ, баҳогузории аҳамиятнокии он, зарурати назарияҳои нави идоракунӣ, асоснокӣ ва самаранокии онҳо, имкониятҳои татбиқи ин назарияҳо дар ояндаи начадон наздик ва ё дур имконпазир гардад, пас ин маънои онро дорад, ки сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як масъалаи дигарро (