Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 28
Таърихи начандон дури мо нишон дод, ки бархурдҳо ва ё ихтилофотҳои иҷтимоӣ дар низомҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохти сотсиалистии ҷомеа хеле зиёд мебошанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузариш аз сохти демократии идории солҳои 1920-ум ба низоми дурушт ва муттамаркази авторитарӣ-бюрократии соли 1950-ум оқибатҳо ва қафомонии зиёдро ба бор овард. Бюрократизм дар асл худ ба худ мухолифи принсипҳои сотсиализм буд (ва мебошад), воқеан барои рушди он монеаҳо эҷод мекард. Чунон ки принсипи асосии сотсиализм – баробарии иҷтимоӣ ҳар қадам бо эҷод гардидани услуби тобеияти қатъӣ ба марказ (ҳокимияти мутлақ), басинфҷудокунии ҷомеа: синфи коргар, зиёӣ, миёна, болоӣ ва ғайра, афзалият ба истеҳсолот на ба инсон вайрон мегардид.
Идомаи рукнҳои бюрократӣ, ҳукмфармоӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои мустақилонаи рушд, манъ кардани муаррифии васеи урфу одатҳо, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар низоми коммунистии солҳои 60-80-ум оқибат ба барҳам хурдани сотсиализм боис гардид (ин яке аз омилҳои муътамад ба ҳисоб меравад). Ин муносибат нисбат ба халқи тоҷик низ, ки таърих, тамаддун ва фарҳанги ғанӣ дорад, бисёр бараъло ба назар мерасад. Ҷумҳуриҳои шарқзамин барои давлати Шӯравӣ асосан ба сифати воситаи истеҳсолот – коркарди пахта, гандум, истихроҷи нафт, газ ва ғайра истифода мегардиданд, манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии мамлакатҳои шомили ин минтақа бошад, дар муносибатҳои идоракунӣ хеле дур монда буданд ва ташаббусҳои онҳо низ дар ин ҷодда дастгирӣ намеёфтанд.
Низоми тозабунёди демократӣ, ки ба қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон мустақилияти томро ба бор овард, дар назди мо, аз ҷумла ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ талаботи зиёде пеш мегузорад, то ин ки хатогиҳои саддаҳои гузаштаро такрор насозем, камбудиҳоро дар фаъолияти ҳамрӯзаи меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ошкор намоем ва оқибатҳои наздику дури онро дар таносуб ба бартарафсозии бархурдҳо пешгирӣ намоем.
Низоми мазкур азнавсозӣ ва ислоҳоти пайдарпайи механизми идоракуниро дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин ҷо зарур аст, ки начандон ба ҷанбаҳои сиёсӣ, балки ба рукнҳои иҷтимоии идоракунӣ афзалият дод. Ин вазифагузорӣ дар навбати худ, тақозо бар он дорад, ки асосҳои илмии ин самт, тарз ва маҷмӯи амалҳои идоракунии он омӯхта шуда, мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.
Дар баробари ин, илми сотсиологияи идоракунӣ зарурати тағйироти куллиро дар идоракунии ҷараёнҳои сиёсӣ ва руҳию фарҳангӣ тақозо мекунад, зеро танҳо ҷомеаи бомаданият ва бомаърифат метавонад ҳамагуна бархурдҳоро истодагарӣ намояд.
Дар ҳамбастагӣ ба ин метавон идоракунии иҷтимоиро дар се шаклҳо ва ё самтҳои зерин баррасӣ намуд:
Дар идома ба таҳлили боло идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун узви собиқ ИҶШС метавон аз солҳои 1920-уми асри гузашта иқтибос овард. Яке аз самтҳои фаъоли ин шакли фаъолиятро вазифаҳои хоҷагидорию истеҳсолии давлат ташкил медод.
Дар рӯзҳои аввали ташкилёбии ИҶШС Шӯрои олии хоҷагии халқ (1917) ташкил меёбад, мувофиқан намояндагиҳои он дар тамоми ҷумҳуриҳои аъзо ва минтақаҳо таъсис дода мешаванд. Мақсади асосии ин иқдом ба таври муттамарказ идора ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ буд, ки ба корҳои илмию тадқиқотии Стумилин Г. ва Леонтев В. дар самти имкониятҳои идоракунии маҷмӯи хоҷагидории халқ асос меёбад. Дар ин солҳо аввалин ташкилотҳои