Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 29
Дар ин ҷо, фарқият байни идоракунии хоҷагидории низоми демократӣ ва сотсиалистӣ дар он инъикос меёбад, ки дар яке (демократӣ) фаъолияти хоҷагидорӣ озод буда, хоҷагиҳо танҳо барои супоридани андози давлатӣ аз ҳаҷм, навъ ва шакли истеҳсолот масъул мебошанд; дар низоми сотсиалистӣ бошад, аз хоҷагидорон ҳам андоз ва ҳам молу маҳсулот ситонида мешавад, яъне фаъолияти хоҷагидорӣ озод набуда, тибқи фармоиши давлатӣ ба роҳ монда мешуд.
Низоми нақшабандии хоҷагидорӣ байни солҳои 1930—1950 дар шакли идоракунии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, охирҳои солҳои 50-ум кӯшишҳои ба идоракунии ҳудудӣ табдил додани хоҷагидорӣ амалӣ шуда буданд. Аммо солҳои 65-ум боз баргашт ба низоми қаблӣ – идоракунии соҳавии хоҷагидорӣ дар мисоли вазорату идораҳо роҳандозӣ мегардад.
Зимнан пас аз солҳои 80-ум бо назардошти даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои марбут ба идоракунии иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ба самти нав равона гардида, бештар хусусияти иҷтимоӣ-гуманистӣ касб мекунад. Агар то ин давра дар назди низоми идоракунӣ дар мадди аввал манфиатнокии (даромаднокии) иқтисодӣ меистод, яъне шахс танҳо барои меҳнати истеҳсолӣ истифода мегардид, пас акнун муносибат дигар мегардад – нақши инсон дар фаъолияти меҳнатӣ боло меравад ва ба шахс сараввал ҳамчун шахсият ва сипас истеҳсолкунанда афзалият дода мешавад. Чунки дар шароити муосир маҳз бо таваҷҷуҳ ба шахсияти инсон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳавасмандӣ, қонеъгардонии маънавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ имкон пайдо мегардад, ки истеҳсолот низ зиёд гардад ва иқтисодиёт рушд кунад.
Илова бар ин, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бозори меҳнат онро тақозо менамояд, ки дар идоракунӣ ба имконоти зеҳнии инсон афзалият дода шуда, он ба таври васеъ истифода гардад, то ин ки самаранокии хоҷагидорӣ, истеҳсолот ва рақобатнокии маҳсулот ба даст оварда шавад. Зимнан мебояд зикр намуд, ки баландбардории сифати меҳнати шахсӣ ва ҷамъиятиро наметавон бе иштироки инсон дар идоракунии истеҳсолот таъмин намуд.
Нуктаҳои асосӣ дар идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ин ташкил ва кафолати муносибатҳои адолатнок дар тақсими ғаниматҳои моддӣ, мувофиқати андозагирии меҳнатӣ-истеҳсолӣ ба ченаки истеъмолӣ, таъмини бехатарӣ дар кор, ташкили фароғат ва истироҳат, тандурустӣ ва ғайра барои инсон ба ҳисоб меравад.
Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ шакли нави фаъолияти хоҷагиҳои истеҳсолӣ, ба монанди ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, биржаҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳои муштарак пайдо гардиданд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ҳавасманд гардонидан ва ҷалби иштироки ҳарчи теъдоди зиёди субъектҳои иқтисодӣ барои сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва корҳои нав механизмҳои муосири идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул ёфтнад; таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок (соҳавӣ ва минтақавӣ) ва ташкил гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ рӯи кор омаданд.
Дар ин самт Тоҷикистон ҳамчун кишвари иҷтимоӣ қадамҳои муайяни хусусияти миллию байналмилалидошта гузошта истодааст. Ҳанӯз соли 2000-ум дар баробари 191 кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон Эъломияи ҳазорсолаи рушдро, ки бо тамом аз унсурҳои иҷтимоӣ иборат буд, ба имзо расонид. Бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори кишвар ва таъмини раванди муназзам ва дурнамои рушд мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли 2007