Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 32
Дар инҷо метавон ба таври васеъ бартарияти ин ду низоми идории гуногуни сиёсиро (коммунизм / сотсиализм ва демократизмро) баҳогузорӣ намуд. Дар мисоли боло нисбат ба низоми коммунизм бараъло муайян гардид, ки ҳукмфармоии мутлақ оқибати фалокатбор дорад ва наметавонад дар воқеъ рисолати худро – адолати иҷтимоиро таъмин созад. Аммо низоми дигари сиёсӣ – демократизм бо принсипи гуногунандешӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатнок имконият фароҳам меорад, ки дар идоракунии давлатӣ на як, балки якчанд субъекти хоҳиш ва азму иродаи ҳукмфармоидошта иштирок намоянд. Дар ин ҳолат, яъне (имконияти баробари) ҳукмфармоии баробари якчанд субъект эҳтимоли шикаст хурдани низоми идории сиёсӣ дур мемонад, зеро ҳангоми бохти як субъект, субъекти дигар омода аст, ки ҷойи ӯро дарҳол ишғол / пур намояд. Яъне, субъекти ҳукмфармо дигар мешавад ва ё шикаст мехӯрад, аммо на низом ва ё сохти идории сиёсӣ; мувофиқан давлат томияти худро гум намекунад, баръакс дар шароити рақобатҳои байни субъектҳои сиёсӣ устувор шуда, кафили осоиштагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа мегардад.
Сохти демократии идоракунӣ аз ҷанбаҳои зиёди иҷтимоӣ иборат мебошад. Он имкон медиҳад, ки халқ дар идоракунии давлатӣ ба воситаи намояндаҳои худ ва ё бевосита иштирок намояд. Ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ эътирофи шахсияти корманд, таъмини бехатарӣ, суғуртаи тандурустӣ, ташкили шароитҳои фароғатӣ ва пардохти маоши муносиб аз меъёрҳои ҳатмӣ ба шумор мераванд.
Дар намуди идоракунии иҷтимоӣ-сиёсӣ ба усулҳои техникӣ —истеҳсолотии меҳнат афзалият дода намешавад, дар мадди аввал ташкили механизми идораи сиёсати самаранок ва рушдёбанда бо назардошти маҳдудкунии низоми худидоракунӣ (муттамарказ) ва васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як корманд / шахс дар ҳалли масъалаҳои муҳим меистанд.
Дар ниҳоят сиёсат на танҳо илм, балки санъат аст; санъати идоракунӣ, қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳунармандӣ ва маҳорати мутобиқшавӣ дар шароитҳои махсуси сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, идораи самараноки он ҳам адолат ва ҳам шароити хуби зиндагӣ ба ҷомеа фароҳам меорад.
4.3 Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ-фарҳангӣ
Идоракунӣ дар ҳаёти маънавӣ ва ё руҳӣ-фарҳангӣ хусусияти шартӣ дорад, чун он наметавонад дурушт буда, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ асос ёбад. Ин намуди идоракунӣ асосан омӯзиши амиқи ҳолатҳои руҳӣ, пайдо кардани равандҳо ва пешбинӣ намудани тағйиротҳои имконпазирро зимни ташаккул ва эътирофи арзишҳои маънавӣ фаро мегирад.
Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ ба ташкили шароитҳои воқеӣ барои амалисозӣ ва қонеъгардонии талаботи фарҳангӣ ва шавқу рағбати ҳар як шахс равона мегардад. Ин муносибат таъсиррасонии амиқ ва фасеҳро ба тағйиротҳои дар соҳаи илм, маориф, адабиёт ва санъат рухдодаистода тавсеа мебахшад. Зимни идоракунӣ одатан ҷараёнҳои ташкилии муносибатҳои фарҳангии мутақобилаи миллӣ ва маҷмӯи проблемаҳои ҷойдоштаи мансуб ба тафаккури ҷамъиятӣ монеаҳои зиёд пеш меорад. Аз ин рӯ, сотсиологияи идоракунӣ ба омӯзиши хориқаҳо, ба монанди урфу одатҳои халқӣ, анъанаҳои таърихӣ, муносибатҳои динӣ ва хосиятҳои дониши амалии илмӣ равона гардидааст.
Дар қатори проблемаҳои идоракунии марбут ба ҳаёти манънавии ҷомеа ҷойи асосиро мушкилоти сотсиализатсияи (мутобиқати иҷтимоии) шахс ва ташаккулёбии шахсони ислоҳотгар / қобили тағйиротҳои куллӣ ва манфиатнок (нисбат ба ҷомеа) ишғол менамояд. Тағйиротҳои ҳаёти маънавӣ бавосита ва ё бевосита аз омилҳои моддӣ ва сатҳи истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳангоми идоракунӣ имкониятҳои моддӣ ва мавҷудияти заминаҳои ва шартҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти пайдошаванда ба инобат гирифта мешаванд.