Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 34
Тахминан 10—8 ҳазор сол то қарни мо дар ҳудуди Шарқи Наздик (Шимоли Ироқ, Фаластин) тағйирот ба амал омад; шакли хоҷагидории анъанавӣ (шикор, ҷамъоварии меваю сабзавот ва ғ.) ба тарзи нави идоракунӣ – дарёфти маҳсулот ва роҳи истеҳсоли он бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» табдил ёфт. Ин аввалин таҳовулот дар таърихи инсоният буд, ки онро археологи машҳури англис Гордон В. Чайлд «инқилоби неолитӣ» меномид. Дар муддати сипарӣ гаштани чандин садсолаҳо давлати мустабид (истибдод, тирония) -и бузург ва пуриқтидор ташаккул ёфт, ки худашонро ба қадри кофӣ таҷҷасумгари фаъолияти хуби идоракунӣ тасаввур намекарданд. Бунёди иншооти – дар асрҳои III – II пеш аз мелод — аҳроми машҳури Миср (мақбараи азими сангини фиръавнҳо) ёдгориҳои на танҳо намояндагони сулолаи пуриқтидори тавоно, балки ҳазорҳо бинокорон ва меъморон, инчунин санъати бунёдкорӣ, ки тавонистанд аз усулҳои идоракунӣ истифода кунанд, ба ҳисоб меравад. Равшан аён аст, ки барои бунёди масалан, аҳроми Хеопса, ки дар паҳнкуҳи Гиза (баландии 146,6м) ҷойгир аст, на танҳо шумораи бисёри масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи корӣ лозим омад, балки дастаи устувори муҳандисон, механизмҳо (сохтмон, сохт, ташкил), инчунин банақшагирии дурнамои ташкил ва назорати иҷрои корҳо ташаккул ёфт.
Заминаҳои назариявӣ принсипҳои (усулҳо ва шартҳои) идоракунӣ дар қонуни «Хаммурапӣ» бо тарзи хуб ифода ёфтааст. Вавилони қадим дар солҳои 1792—1750 то солшумории мо объекти дигари идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Давлати пуриқтидор дар ҳамон давра дар Чини қадим амал мекард, ки дар давраи Чжоу (асрҳои XI – III п.а.м) девори бузурги Чин – ёдгории муҳташами санъати меъморӣ (дарозии он баъди анҷом расонидан тақрибан 5 ҳазор км., ва баландиаш дар қитъаҳои алоҳида ба 10 м. мерасид) бунёд гардид.
Рисолаи аввалин бо фарогирии баъзе маълумотҳои ибтидоӣ ва тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар Чини қадим, Ҳинди қадим ва Шарқи Наздик дар асрҳои V – IV-и пеш аз миллод рӯи кор омадааст.
Бо вуҷуди ин оид ба ташаккули тафаккури идоракунӣ эҷодиёти бузургтарин файласуфони юнони қадим Суқрот, Афлотун, Арасту таъсири назаррас гузошт. Аз рӯи гувоҳии ҳамзамонон, Суқрот чунин мешуморид, ки асоси идоракунӣ ин дониш ва маҳорати ба зурӣ бор кардани ақидаи худ ба дигар одамон мебошад. Афкори ӯ дар рушди оянда ва ба даст овардани рисолаҳои Афлотун ва Арасту боис гардид, ки муфассалтар 3 шакли ҳукумронӣ: монархӣ, аристократӣ ва демократӣ тасвир шудааст. Масъалаи идоракунӣ дар корҳои мутафаккирони асри миёнагӣ Августини Масъуд ва Фомаи Аквинӣ, ки «Борони илоҳӣ» ва «Борони заминӣ» тақсим шудааст, тобиши бешак аввал буданро эътироф мекунанд, ки оиди идеяҳои идоракунии олам ва одамон хулосагирӣ намудаанд.
5.2 Назариёти мутафаккирони форсу тоҷик зимни муносибатҳои идоракунӣ
Дар ташаккули назарияҳои фалсафию иҷтимоии идоракунӣ саҳми мутафаккирони форсу тоҷик – Абӯбакри Розӣ (865—925), Абӯнасри Форобӣ (873—950), Абӯалӣ ибни Сино (980—1037), Муҳаммад Ғазолӣ (1058—1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314—1394), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420—1505), Аҳмади Дониш (1827—1897) ва ғайра хеле бузург аст.
Абӯбакри Розӣ дар асараш «Нақзи адён» иброз намудааст, ки: «Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад