Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 36



сарвар / шоҳ бояд тамоми корҳои идориро аз рӯи ақл, хирад пеш барад. Аҳмади Дониш низоми вазоратдориро баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ «Дар ин навъи ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машваратӣ ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба кор дарояд». Ҳамчунин, мутафаккир тавсия медиҳад, ки ба одамони куҳансол ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум накардаанд, бояд аз тарафи давлат кӯмаки моддӣ расонида шавад. Аҳмади Дониш масъалаи бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъият вобаста намудани илму фанро ба миён гузоштааст. Ба назари ӯ бояд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илмҳои техникию табиӣ ва физикаю кимиёвӣ, ки дар мамлакатҳои пешрафат омӯхта мешуданд, ҷорӣ гардад.

Дар умум назариёти мутафаккирони тоҷику форсро метавон дар шароити имрӯзи идоракунӣ низ истифода намуд, зеро онҳо куллан фарогири тарзу услубҳои идоракунии хоси имкон ва хоҳиши ҷомеа, таъминкунандаи адолат, баробарҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ, иносндӯстӣ, эҳтиром, таҳамулгароӣ, талабгори қабули қарорҳои илман асоснок, таҳлил ва ҳаматрафа баррасигардида ва ғайра мебошанд. Илова бар ин назариёти идоракунии мутафаккирон ва муҳаққиқони гузаштаи мо тақозо бар он дорад, ки онҳо аз ҷониби идоракунандагон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон ва дигарон мавриди омӯзиши васеъ қарор дода шуда, нуктаҳои беҳтарин ва тавсияҳои муносиб ба идоракунии тарзи муосир дар шакли корҳои илмию таҳқиқотӣ манзури ҷомеа ва институтҳои давлатии идоракунӣ ва таълимӣ пешниҳод карда шаванд.

САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

– Тамаддуни бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» – қадим дар Шарқи Наздик кай ташаккул ёфт?

– Аҳроми Миср, ки бо санъати хуби идоракунӣ бунёд гардидааст, ба кадом асрҳо рост меояд?

– Рисолаҳои аввалини фарогирандаи тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар кадом мамлакатҳо тавлид ёфтаанд?

– Назари Суқрот оид ба идоракунӣ чӣ буд?

– Кадом мутафаккирони форсу тоҷик оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рисолаҳо таълиф кардаанд?

– Тафовути назариёти мутафаккирони форсу тоҷик дар қиёс ба шароити имрӯзаи идоракунӣ дар чӣ дида мешавад?

АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

– Заходера Б. Н. Сиасет-наме [Матни аслӣ]: / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. – 192 с.

– Ибни Сино. Рисолаи тадбири манзил. Теҳрон. – 1319. Хуршедӣ.

– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.

– Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо) [Матни аслӣ] – Душанбе: «Шарқи озод». – 2006. – 128 с.

– Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён [Матни аслӣ] – Душанбе: 2006. – 558 с.

БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ

§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

6.1 Қонунҳои идоракунӣ иҷтимоӣ

Сараввал зарур аст, ки мафҳуми қонун мушаххас тавзеҳ дода шавад, то ин ки тасаввуроти оянда оид ба қонунияти иҷтимоӣ возеҳ ва ба осонӣ дастёб гардад.

Зери мафҳуми қонун аслан қоидаҳои ҳатмӣ ва меъёрҳои маҳдудкунандаи муносибатҳо фаҳмида мешаванд, ки ин ҷараён асосан хоси амалия – қонунгузорӣ ва батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат мебошад. Чунончӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун – ин