Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 38
Қонуни муносибатҳои идоракунӣ робитаҳои воқеӣ, зарурӣ ва муҳим байни субъектҳои идоракунӣ (роҳбарият, маъмурият ва дигар шахсони масъули идорӣ) ва самаранокии амали низоми идоракунии иҷтимоиро ифода мекунад.
Қонуни манфиатҳоимахсусимутақобилаисубъектҳои муносибатҳои идоракунӣ робитаҳои муҳимро байни субъектҳои идоракунӣ дар ҷараёни амалисозиии мақсади ягона ташкил медиҳад. Дар ин ҷо, ҳам роҳбар ва ҳам корманд бояд манфиатҳои худро ба таври возеҳ эҳсос кунанд. Роҳбар вазифа гузорад, корманд онро бо шавқу рағбати зиёд иҷро намояд.
Қонуни ягонагӣ ва мустақилияти манфиатҳои махсус – вазъи муносибатҳои мутақобили иштирокчиёни раванди идоракунро муайян месозад. Дар бисёр ҳолатҳо аъзои ташкилот аз рӯи манфиатҳо метавонанд нисбат ба якдигар мустақил бошанд. Мисол: гуногунӣ ва тафовутнокии фаъолият ва масъулияти байни иттифоқҳои касабаи ташкилот ва маъмурияти ташкилот.
Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ хусусиятҳои муҳим, устувор, дохилӣ ва ҷараёни идоракуниро ифода мекунанд. Онҳо аз хосиятҳои объективӣ иборат буда, ба иродаи одамон вобастагӣ надоранд, баръакс ирода, шуур, мақсаду ният ва амалҳои одамонро муайян месозанд.
Истифодаи бошууронаи қонунҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти одамон мувофиқ ба талаботи воқеии ҳаёт ба роҳ монда шавад.
6.2 Қонунҳои идоракунӣ
Дар қисмати боло оид ба қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ маълумот оварда шуд, акнун баъзе қонунҳои идоракуниро зимни баррасӣ қарор медиҳем.
– Қонуни зарурати гуногуншаклӣ – низоми идоракунӣ бояд ҳамчун объекти идорашаванда гуногуншакл бошад. То кадом андозае, ки объекти идорашаванда мураккаб аст, то ҳамон андоза / ҳад бояд субъект / идоракунандаи он мураккаб бошад. Яъне, самаранокии идоракунӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар низоми идоракунӣ ба талаботи объекти идорашаванда мутобиқат кунад.
– Мутобиқи қонуни тахассуснок идоракунӣ (дар ниҳоят) ба ҷудокунии вазифаҳо ба қисмҳо ва истифода шудан дар шароитҳои махсус, зинаҳо ва самтҳои гуногун боис мегардад. Бинобар ин, идоракунӣ қобилияти баланди касбии шахсро дар соҳаҳои гуногун: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, ташкилиӣ-техникӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра талаб мекунад.
– Қонуни ҳамгироии идоракунӣ муттаҳидкунии амалҳои гуногуни махсусгардонидашудаи идоракуниро дар сатҳ ва самтҳои мухталиф ва ҷараёни ягонаи идоракунӣ дар доираи сохти (организми) ягонаи иҷтимоӣ ҳамчун низом (система) ифода мекунад. Ҳамгироии омилҳо чун ҳамгироии мақсад, вазифа ва манфиатҳои ҷомеа, ки дастгирии фаъолияти ҳаёти муқаррарӣ ва инкишофи низоми мураккаби иҷтимоиро дар шароити тағйирёбии доимӣ ва пайвастани муҳитҳои дохилию берунӣ талаб менамояд, шуда метавонад.
– Қонуни сарфаи вақт яке аз муҳимтарин қонуни идоракунӣ ба шумор меравад, ки тавсифи самаранокии идоракуниро ифода мекунад. Мувофиқан бадастории ин ҳадаф бо назардошти талафоти ками вақт, захираҳои моддӣ, инсонӣ ва молиявӣ, ки асосан аз: суръат ва мутобиқати вокуниши субъекти идоракунӣ ба объект; ҳалли ҳамагуна масъалаи идоракунӣ дар муддати кӯтоҳ; ва сари вақт расонидани таъсири мусбӣ ба натиҷаи ниҳоӣ, вобаста мебошад.
– Қонуни афзалиятнокии мақсадҳои иҷтимоӣ дар мақсадгузорӣ муайян мешавад. Мақсади рушди ҷомеа ва шароити нигоҳдории мувозинати он на ба истеҳсолот, сиёсат ва на ба иқтисодиёт рабт дода мешавад, балки ба доимо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои он (ҷомеа), некуаҳволӣ, аҳволи иҷтимоӣ ва такмили мутассили тарзи ҳаёти ҷамъият вобаста мебошад.