Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 35
». Мутафаккир таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқиро дар муносибатҳои идоракунӣ таълиф медиҳад, ки барои имрӯзи идоракунӣ низ нишондиҳандаи муҳим боқӣ мондааст.
Дар назариёти олимони асри миёнагӣ, аз ҷумла Абунасри Форобӣ масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва сиёсидошта, аз қабли пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шакли идоракунӣ ва мақому манзалати сарвар / шоҳ дар идоракунии давлат ба таври возеҳ баррасӣ гардидаанд. Тибқи назари Форобӣ мақоми сарвариро танҳо шахси оқилу хирадманд ва адолатпарвар, ки манфиати раият ва мамлакатро аз худ болотар мегузорад, бояд соҳиб бошад.
Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дигар мутафаккири форсу тоҷик дар рушду такомули илмҳои ҷомеашиносӣ нақши хоса дорад. Қисми зиёди ақидаҳои ӯ дар рисолаҳояш, аз қабили «Кимёи саодат», «Ал-мунқиз-мин ал-зилол» ва «Насиҳат-ул-мулук» манузр гардидаанд. Ғазолӣ идоракунии иҷтимоиро яке аз такягоҳҳои асосии олам маънидод менамояд, ки он одамонро ба ҳам наздику бофарҳанг мегардонад ва муносибатҳои онҳоро зери низоми муайяни идоракунӣ ба танзим медарорад.
Муттафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ назариёти мансуб ба идоракунии худро бештар дар «Захират-ул-мулук» -и худ ҷой додааст. Ҳамадонӣ ба одоби сухан ва ботаҳаммулу боандеша будани подшоҳон диққат дода, тавсия медиҳад, ки: «Ҳоким / шоҳ бояд дар ҳукм сухан ба мадоро гуяд ва бе муъҷиб дурушти накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нашвад. Ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад. Ҳоким набояд, ки ба дуруягию фиребгарӣ ва сусткорию саҳлангорӣ мусоидат кунад ва аз барои хушнуд сохтани касе набояд каси дигареро озор диҳад. Зеро ки табиати ҳукуматдорӣ чунин офарида шудааст, ки «пайваста нимаи халқ аз ҳоким хушнуд бошад, зеро ду хасм ба ҳақ хушнуд натавон кард».
Абуалӣ Ибни Сино мутафаккири форсу тоҷик одамро ҳамчун махлуқи ҷомеа нишон медиҳад. Ӯ назар дорад, ки ҳастии одамон дар ҷамъият шароити ҳамкории онҳоро ба вуҷуд меорад. Барои чунин ҳамкорӣ ба аксари аъзои ҷамъият қонуни ягонаи оқилона ва адлия лозим мебошад. Аъзои ҷомеаро мебояд ба меҳнати фоиданок ва манфиатовари ҷамъиятӣ машғул бошанд. Дар тақвияти ин ақидаи худ Сино аъзои ҷомеаро ба се гурӯҳ: 1) садорат; 2) истеҳсолкунандагон; ва 3) ҳарбиён ҷудо менамояд. Дар яке аз асарҳои худ – «Тадбири манзил» – Сино таъкид мекунад, ки: «Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр шаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва саросат бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст ба дӯст мунқатоъ мегардад. Ва агар ҳамагӣ фақиру муҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас тафовути аҳвол ва ихтилофи миқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад.».
«Шоҳнома» -и Абулқосим Фирдавсӣ фарогири масъалаҳои хираду хирадмандӣ, талқини одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ ва ғайра мебошад ва то имрӯз мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Мояи ифтихор аст, ки назарияҳои ахлоқӣ ва хирадномавии асари мазкур то ба мамлакатҳои Ғарб (Аврупо ва ИМА) расидааст. Зимни ин рисолат олими Фаронса Сент Бёв чунин иброз менамояд: «Дар саросари шоҳасари Фирдавсӣ руҳияи ҳикмат, волоияти адолат ва некӣ чун риштаи сурх мегузарад».
Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш шарти аввалини идоракунии давлатиро дар ақл ва адл тасвир мекунад. Ба назари ӯ –