Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 42



Дар сурати дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангсозӣ воҳидҳои сохторӣ ба аз байн бурдани амалҳои такрорӣ ва паст кардани хароҷоти истеъмолӣ мусоидат менамояд. Инчунин, ин сохтор ба баланд гардидани сифати қарорҳои идорӣ ва тахассуснокии фаъолият имкон медиҳад.

Ҷадвали 6



Камбудии ин намуди сохтор: вайрон гардидани принсипи яккаҳукмронӣ, зеро ҳар як иҷрокунанда дар як вақт метавонад аз якчанд роҳбар, ки вазифаҳои гуногунро бар уҳда доранд супориш гирад; суръати пасти қабули қарорҳо; ва масъул набудани роҳбарони амалӣ ба натиҷаи ниҳоии ташкилот.

Дар баробари ин, сохтори намуди амалӣ зимни рушд ёфтани имкониятҳо барои бадастории ҳадафҳои нисбатан васеъ номуносиб арзёбӣ мегардад. Чунки мавриди баромадни ташкилот ба бозори ҷаҳонӣ, мувофиқан васеъ гардонидани имконияти хизматрасонӣ ва маҳсулот байни воҳидҳои сохторӣ ва дар умум дар таркиби ташкилот зиддияти манфиатҳо афзоиш меёбад.

Ин намуди сохтор маъмулан дар алоҳидагӣ (танҳоӣ) истифода бурда намешавад, дар бисёр ҳолатҳо он дар якҷоягӣ бо сохтори намуди амудӣ ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Сохтори амудӣ-амалӣ

Дар ин намуди сохтори идоракунӣ бофташавии усулби амалигардонии вазифаҳои махсусгардонидашудаи маҳдуд бо низоми масъулиятнокӣ ва тобеият дар ҳалли бевоситаи вазифаҳои намудҳои асосии фаъолият ба кор медарояд (Ҷадвали 7).

Ин навъи сохторе мебошад, ки дар ҳамгироии усулҳои идоракунии патриархалӣ ва амалӣ низоми нисбатан муътадили идоракуниро ташкил медиҳад.

Ҷадвали 7



Чӣ тавре дар боло оварда шуд, сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи таркиби ҷузъҳо ба чор гуруҳ: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ) ҷудо мегарданд.

Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ

Дар ҳолате, ки ташкилот ба ниҳоди бузург табдил меёбад ва дар сохтори он бахшҳои зиёди мустақил ва соҳаи (самти) фаъолияти наздик ва ё ягонадошта амал менамоянд, зарурат пайдо мегардад, ки барои ҳамоҳангсозӣ ва таъмини маҳсулнокии фаъолияти онҳо воҳидҳои байнисоҳавӣ ташкил карда шаванд. Воҳидҳои байнисоҳавӣ дар як вақт нақши мақоми пайвасткунандаро байни роҳбарият ва бахшҳои истеҳсолӣ иҷро менамояд. Одатан чунин идораҳо аз ҷониби муовин (он) и роҳбар, ҳамчун маъсули қисми идории ташкилот ҳамоҳанг сохта мешаванд (Ҷадвали 8).

Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ сараввал ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ буда, бо мурури васеъ гардидан сохтори худро тағйир медиҳад.

Ин намуди сохтори идоракунӣ дар навбати худ, ҳамчун усули ҳалли низоҳо баррасӣ мегардад, ки дар он воҳидҳои соҳавӣ аз ҳисоби бахшҳои поёнӣ воҳидҳои гуногуни самтнокро, ба монанди бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, муҳандисӣ, баҳисобгирӣ ва ғайра ташкил медиҳанд ва фаъолияти онҳоро аз рӯи самтҳои махсуси муайяншуда ҳамоҳанг месозанд.

Ҷадвали 8



Сохтори девизионӣ

Ташкилот ва ё корхона ҳангоми бузург шудан механизмҳои гуногуни таъминкунандаи самаранокии фаъолиятро ҷустуҷӯ менамояд, аз ҷумла яке аз чунин механизмҳо ташкили намояндагиҳо дар маҳалҳои фаъолият ба ҳисоб меравад (Ҷадвали 9).

Сохтори девизионӣ маҳз ба ҳамин нуқта асос меёбад – дар он сохтори идоракунӣ на ба вазифаҳо ва на ба самтҳо, балки ба ҷузъҳо ё намояндагиҳо аз рӯи принсипи ҳудудӣ ҷудо мешавад. Дар ин намуди идоракунӣ ҳар як намояндагӣ масъулияти хос дошта, ҳамчун корхонаи минатқавӣ ва ё ҳудудӣ-истеҳсолӣ муқаррар мегардад ва дар навбати худ дар роҳи таъмини самаранокии фаъолият ва ба даст овардани даромад ба бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, маркетингӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Дар корхонаҳои ҳудудӣ роҳбар ба рушди фаъолияти дар ҳудуди муайян ва таъмини даромаднокии он масъул мебошад.