Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - страница 43
Сохтори девизионӣ бештар ба ташкилотҳои истеҳсолии бузург (Газпром, Coca-Cola, DHL, Samsung ва ғ.) мувофиқ аст, бо ташкили намояндагиҳои ҳудудӣ он хароҷоти нақлиёт, нигоҳдории маҳсулот ва кирои кормандонро, ки маблағи хеле зиёдро ташкил медиҳад, сарфа мекунад. Дар баробари ин, ташкилот тавассути намояндагиҳо имконият пайдо мекунад, ки талаботи бозори маҳаллӣ ва ё минтақавиро муайян карда, маҳсулоти мувофиқро ба он таъмин намояд; бо ин роҳ низ самаранокии фаъолияти молиявӣ таъмин мегардад.
Ҳамчунин, корхонаҳои ҳудудӣ барои омодасозӣ ва таҷрибаомӯзии кадрӣ майдони муносибе мебошанд, ки дар он агар роҳбар уҳдабаро нагардад, ба ташкилот зарари зиёд намерасад, зерои захираи кадрӣ дар ин сохтор зиёд аст.
Дар ташкилотҳои бузургтар сохторҳои дивизионӣ дар шакли омехта низ пайдо мегарданд. Он вақт ҳар як корхонаи ҳудудии минтақавӣ ба бахшҳои маҳсулоттаъминкунӣ ҷудо мешавад ва бахши маҳсулоттаъминкунӣ дар навбати худ, ба бахшҳои ҳудудии маҳаллӣ ҷудо шуда, фаъолияти хоси худро ба иҷро мерасонанд.
Ҷадвали 9
Ҳар як маҳсулот тибқи ин низом тартиботи муайяни амалисозиро соҳиб мебошад: 1) тадқиқот ва таҳия; 2) истеҳсолот; ва 3) фурӯш ва таъминот. Ҳар яке аз ин зинаҳо сохтори муносиби идоракуниро низ соҳиб мебошанд.
Камбудии ин сохтор ба мураккаб будани робитаҳои иттилоотӣ асос меёбад.
Сохтори лоиҳавӣ
Барои рушди фаъолияти идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳолатҳое пешорӯ мегарданд, ки зарурати ташкили гуруҳ ва ё ташкилоти муваққатиро иборат аз мутахассисон ва ё коршиносони ботаҷриба барои амалисозии вазифаҳои муайян (одатан, таҳияи механизми инноватсионии идоракунӣ ва ё коркард ва озмоиши маҳсулоти нав ва ё дастгоҳи истеҳсолӣ) пеш меоранд. Дар умум ин намуди сохтори намунавиро сохтори лоиҳавӣ меноманд, чун вазифаҳои муайянгардида дар шакли лоиҳа таҳия гардида, сипас ба гуруҳи муайяни мутахассисон фармоиш дода мешавад (Ҷадвали 10).
Сохтори лоиҳавӣ аз ҷониби роҳбаре, ки ба зинаи болоӣ (дастгоҳи фармоишгар) тобеъ аст, идора карда мешавад.
Бинобар хусусияти муваққатӣ доштан, муҳлати фаъолияти сохтори лоиҳавӣ маҳдуд мебошад. Зимни ба анҷом расидани вазифаҳои вогузогардида, фаъолияти ин сохтор / лоиҳа низ хотима меёбад, кормандони он бошад, ба корҳои доимӣ ва ё дигар лоиҳаҳо мегузаранд.
Ҷадвали 10
Камбудии сохтор дар он аст, ки ҳайати кормандон ба ду зина тобеъ мебошанд: маъмурияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа.
Сохтори қолибӣ
Сохтори намуди мазкур сохтори гуногуншакли лоиҳавӣ буда, аз ду қолиби дученака иборат мебошад. Яке аз ин ченакҳо ин гуруҳи кормандон ва маҷмӯи василаҳо, ки аз ҳисоби воҳидҳои зерсохтории ташкилот барои амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷудо гардидаанд ва дигаре худи лоиҳаҳо мебошанд (Ҷадвали 11).
Ҷадвали 11
Дар ҳар як сохтори лоиҳавӣ принсипи ҳамоҳангсозии дутарафа: аз ҷониби роҳбарияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа ҳукмрон мебошад, ки он низоми идоракунии яккаҳукмрониро вайрон мекунад, аммо дар фаъолият фасеҳият ва фаврият дастёб мегардад, ки хоси услуби идоракунии муваффақ мебошад.
Дар сохтори қолибӣ бо пайдо шудани лоиҳаҳо азнавтақсимкунии захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар мисоли Тоҷикистон ин намуди идоракунӣ ба фаъолияти марказҳои лоиҳавии соҳавӣ (назди мақомоти идоракунии давлатӣ) ва гуруҳҳои корӣ оид ба таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ шабоҳат дода мешавад.
7.4 Вазифаҳои идоракунии иҷтимоӣ
Вазифаҳои идоракунӣ намудҳои махсуси фаъолиятро ташкил дода, аз самтҳо ва ё марҳалаҳои таъсиррасонии мақсаднок ба робитаҳо ва муносибатҳои одамон дар ҷараёни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ иборат мебошад